Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баргузории чорабинии мақсадноки «Роҳи бехатар»

106

Рӯзи 20 марти соли равон аз тарафи кормандони Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ба ифтихори ҷашни Наврӯзи оламафрӯз чорабинии мақсаднок ба номи «Роҳи бехатар» ташкил ва гузаронида шуд.
Мақсад аз ташкил ва гузаронидани чорабинии мазкур ҷоннок намудани корҳои ташвиқотиву тарғиботӣ дар байни иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, дар самти риояи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт иборат мебошад. Ҳамзамон бо ин мақсад тариқи баландгӯякҳои автомашинаҳои патрулӣ дар кӯчаву роҳҳои нақлиётгарди пойтахт корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шуд.

107108

Ба иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, хусусан ба ронандагон ва пиёдагардон зиёда аз 2500 адад варақаҳои таблиғотӣ тақсим карда шуда, аз номи роҳбарияти ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва РБДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони БДА онҳоро ба фарорасии иди Наврӯз табрик намуданд.
Наргис Туйчиева, полковники милитсия.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика