Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба диққати ронандагон!

Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати шаҳрвандон, алалхусус ронандагони воситаҳои нақлиёт ва мусофирон мерасонад, ки тибқи ахбороти Агентии обуҳавошиносӣ рӯзҳои 2-5 феврали соли равон паст шудани ҳарорати боду ҳаво ва боридани барф дар қаламрави кишвар дар назар аст. Дар роҳҳои автомобилгарди ҷумҳурӣ махсусан дар роҳҳои автомобилгарди Душанбе-Хуҷанд-Чанок, Душанбе-ағбаи Кулма, Ваҳдат-Рашт-Лахш яхбандӣ ва эҳтимолияти фаромадани тарма дар назар аст.

Ба диққати ронандагон расонида мешавад, ки тариқи ағбаҳо ва роҳҳои мошингарде, ки аз минтақаҳои мушкилгузари кӯҳистон мегузаранд, махсусан тариқи нақби «Истиқлол» ҳаракати воситаҳои нақлиётие, ки ду ё зиёда тирҳои пешбаранда доранд, инчунин автомашинаҳои боркашие, ки ядакҳои иловагӣ ва нимядакҳо надоранд ва бо лавозимотҳои эҳтиётӣ, аз он ҷумла, бо симтобаи кашолакунӣ, болиштаки зиддилағжиш ва дигар лавозимотҳо муҷаҳҳаз мебошанд, иҷозат дода мешаванд.
Ҳамчунин аз тамоми ронандагони воситаҳои нақлиёт хоҳиш карда мешавад, ки безарурият ба минтақаҳои кӯҳистон ва мавзеъҳои мушкилгузар сафар нанамоянд.
Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика