Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии расми беҳтарини кӯдакона дар мавзӯи «Шаҳри бехатар аз нигоҳи кӯдак»

84

Рӯзи 23-юми декабри соли ҷорӣ дар Раёсати БДА Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии расми беҳтарини кӯдакона дар мавзӯи «Шаҳри бехатар аз нигоҳи кӯдакон-2017» ҷамъбаст гардид.

85

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоти ҷамъиятии «Насли ҷавони Тоҷикистон» шарикони лоиҳаи мазкур мебошанд.
Моҳи ноябри соли равон озмуни расми беҳтарин дар мавзӯи «Шаҳри бехатар аз нигоҳи кӯдак-2017» миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонии шаҳру навоҳии кишвар эълон карда шуда, дар як муддати кӯтоҳ ба озмун зиёда аз 800 расм дар мавзӯи пешгирии садамаҳои роҳу нақлиёт бо иштироки кӯдакону наврасон ирсол гардид. Ин теъдоди расмҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки таваҷҷӯҳи кӯдакону наврасон нисбат ба қоидаҳои ҳаракат дар роҳ сол аз сол бештар мегардад.
Ҳайати тадорукоти озмун баъди шиносоӣ маълум намуданд, ки ҷойи сеюм насиби хонандаи гимназияи №1 шаҳри Бӯстони вилояти Суғд Азимова Ясмина, хонандаи гимназияи №2-и шаҳри Турсунзода Эргашева Севинч ва Алиева Мадина хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и ноҳияи Рӯдакӣ гардиданд.

86

Хонандаи синфи панҷуми Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5 ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ Мадшоев Рауф ва хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13 ноҳияи Вахши вилояти Хатлон Амирхонова Ф. бошанд, сазовори ҷойи дуюм гардиданд.
Аъзоёни ҳакамон баъди азназаргузаронии расмҳои пешниҳодгардида якдилона ҷойи аввалро насиби хонандаи синфи 4-уми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №33-и шаҳри Душанбе Буриева Шаҳноза донистанд.

87

Ёдовар мешавем, ки озмуни расми беҳтарини кӯдакона дар мавзӯи «Шаҳри бехатар аз нигоҳи кӯдак» ҳамасола дар охири сол ҷамъбаст карда мешавад. Ва расмҳои беҳтарине, ки дар озмун баҳои баланд мегиранд, минбаъд тавассути варақаҳо ва таҳияи роликҳои ташвиқотиву тарғиботӣ дар байни кӯдакону наврасон паҳн карда мешавад.
Наргис Туйчиева, Гул Маҳбуба.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика