Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дарси кушод дар мавзӯи “Сайёҳат ба шаҳр”

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №59-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе оид ба риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ бо иштироки кормандони шуъбаи ташвиқоту тарғиботи Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дарси кушод дар мавзӯи “Сайёҳат ба шаҳр”доир карда шуд.
Синфхона бо расмҳо, асбобҳои аёнӣ вобаста ба риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ оро дода шуда, омӯзгор Раҳмонова Тозагул Исмоновна барои шавқовар ва хуб гузаштани дарс тайёрии хуб дида, хонандагон дар ин дарс маҳорати баланд нишон доданд. Ҳар кадоми онҳо дар бораи чароғак, пиёдагард, нозирон, автомашина, мусофирон, аломатҳои роҳ, гузаргоҳҳо баромад намуданд. Вобаста ба талаботи чароғаки роҳнамо кӯдакон шеърҳо қироат намуда, ба ҳозирин чи тавр гузаштан аз чароғак ва роҳи пиёдагардро фаҳмониданд.

Саҳначаҳои тарбиявӣ дар мавзӯи бехатарии ҳаракат дар роҳ аз ҷониби хонандагон пешкаши ҳамагон гардонида шуд. Омӯзгор аз намудҳои гуногуни методи дарсдиҳӣ истифода бурда кӯшиш менамуд, ки “Дарси кушод” дар сатҳи зарурӣ гузаронида шуда, хонандагон оид ба қоидаҳои ҳаракат дар роҳ маълумоти хуб дошта бошанд.
Дар ҷараёни дарс корманди шуъбаи ташвиқоту тарғиботи Раёсати БДА ВКД капитани милитсия Давлатшоев М. баромад намуда, онҳоро ба риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ҳидоят намуд. Ҳамчунин бо хонандагон доир ба риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ саволу ҷавоб баргузор гардид, ки наврасон ба саволҳои додашуда, ҷавобҳои мушаххас доданд.
Дар хотима ба хонандагон варақаҳои таблиғотӣ оид ба риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ тақсим карда шуд.
Гул Маҳбуба




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика