Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Роҳи дил давоми роҳи рост аст!

Субҳи 22 ноябри соли равон аз тарафи кормандони Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, ШБДА РВКД дар шаҳри Душанбе дар ҳамбастагӣ бо кормандони рўзномаи «Вечёрка» ва ҷалби аъзоёни дастаи нозирони навраси ҳаракати муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №72 ва Гимназияи №74-и шаҳри Душанбе дар чорроҳаҳои хиёбони Сино-кӯчаи Ҳувайдуллоев ва хиёбони Сино-Шерозии ноҳияи Синои пойтахт чорабинии мақсаднок таҳти унвони «Роҳи дил давоми роҳи рост аст!» гузаронида шуд.
Мақсад аз гузаронидани ин чорабинӣ пеш аз ҳама риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, пешгирии садамаҳои роҳу нақлиёт бо иштироки пиёдагардон, ҳамчунин хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, баланд бардоштани масъулияти онҳо ҷиҳати риояи Қоидаҳои ҳаракати роҳ иборат буд.

Чорабинии мазкур зери шиорҳои «Ронанда суръатро баланд накун!», «Пиёдагард шахси масъул!», «Риояи Чароғаки роҳнамо» доир карда шуд. Ҳамчунин ба воситаи автомашинаҳои патрулӣ дар ин кӯчаҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ монда шуд.
Сардори шуъбаи ташвиқоту тарғиботии РБДА ВКД полковники милитсия Наргисой Туйчиева дар сӯҳбат бо мо иброз намуд, ки чунин чорабиниҳо маҳз бо дастгирӣ ва кӯмаки роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва Раёсати БДА пайваста дар кӯчаву хиёбонҳои ҷумҳурӣ гузаронида мешаванд. Нозирони навраси ҳаракат дар роҳ ҳангоми гузаронидани чорабинӣ намунаи ибрат шуда, ба ронандагон ва пиёдагардон бори дигар хотиррасон менамоянд, ки риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ яке аз масъалаҳои муҳим ва иҷрои талаботи он вазифаи ҳар як фарди ҷомеа мебошад.

Сармуҳаррири рӯзномаи «Вечёрка» Гулнора Амиршоева зикр намуд, ки зиёд шудани сатҳи садаманокӣ дар роҳҳои атомомобилгарди ҷумҳурӣ ин пеш аз ҳама дуруст дарк накардани ҳуқуқу вазифаҳои худ аз тарафи иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ буда, ин ҳама шаҳодати онанд, ки барои ҳал ва бартараф намудани камбудиҳо гузаронидани чунин чорабиниҳои тарғиботӣ ба манфиати кор буда, дар тарбияи насли наврас таъсири мусбати худро мерасонанд.
Дар рафти чорабинӣ ба пиёдагардон ва ронандагон варақаҳои таблиғотӣ тақсим карда, бори дигар ба онҳо оиди риояи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ сӯҳбат гузаронида шуд.

Гузаронидани чунин чорабиниҳо ба манфиати кор буда, минбаъд низ дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр аз тарафи кормандони БДА доир карда мешавад.
Гул Маҳбуба, подполковники милитсия.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика