Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Диққат!

РБДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти шаҳрвандон мерасонад, ки тибқи талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми марти соли 2013, №103 «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ аз 5 августи соли 1998, №306», шаҳодатномаҳои ронандагие, ки расми соҳиби он дар муҳлати 10 соли тақвимӣ иваз карда нашудааст, беэътибор дониста, ҳар як далели идора кардани воситаҳои нақлиёт бо шаҳодатномаи ронандагии беэътибордонисташуда, воситаи нақлиёт бе гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ тибқи тартиби муқарраргардида боздошт ва ронанда мутобиқи моддаи 338 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб карда мешавад. Барои идора кардани воситаҳои нақлиёт бо рақами қайди давлатӣ, ки ба намунаи стандарти муқараршудаи давлатӣ мувофиқат намекунад, нисбати ронанда муҷозоти дар моддаи 314 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда татбиқ карда мешавад. 

Ба ронандагоне, ки воситаи нақлиётро бо шаҳодатномаҳои ронандагии намунаи куҳна ва рақамҳои қайди давлатии ғайристандартӣ идора менамоянд, тавсия дода мешавад, ки то 1 декабри соли равон ба шаҳодатномаи ронандагии биометрӣ ва рақами қайди давлатии мутобиқ ба стандарти муқарраршудаи давлатӣ, иваз намоянд.
Барои иваз намудани шаҳодатномаи ронандагӣ нусхаи шиноснома, шаҳодатномаи ронандагӣ, маълумотномаи тиббӣ ва барои ивази рақами давлатӣ шиносномаи шахсӣ, шаҳодатномаи бақайдгирии воситаи нақлиёт ва рақами қайди давлатӣ ба воҳидҳои бақайдгирию имтиҳонотии БДА-и маҳалли ҷойи зист пешниҳод карда мешаванд.
Тибқи нархномаи хизматрасониҳо, ки бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа карда шудааст, нархи ивази шаҳодатномаи ронандагӣ ва аломати қайди давлатии воситаи нақлиёт чунин аст; Барои ивази шаҳодатномаи ронандагӣ
- бланкаи шаҳодатнома - 248 сомонӣ;
- талони қайди қоидавайронкунӣ -19 сомонӣ;
- маълумотномаи тиббӣ - 70 сомонӣ. Ҷамъ-337 сомонӣ.
Барои ивази рақами қайди давлатӣ
- рақами қайди давлатӣ - 210 сомонӣ;
- шаҳодатномаи бақайдгирии воситаи нақлиёт - 210 сомонӣ;
- азназаргузаронии воситаи нақлиёт - 6 сомонӣ. Ҷамъ - 426 сомонӣ.
Шаҳрвандон барои гирифтани маълумоти иловагӣ метавонанд бо телефонҳои 235-05-12, 235-04-23 ва 235-79-29 муроҷиат намоянд.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика