Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Анҷумани ХII-уми байнидавлатии «Ҳаракати нозирони наврас» дар шаҳри Анапа

24-уми октябри соли 2017, дар маркази умумироссиягии кӯдаконаи «Смена» дар шаҳри Анапа маросими тантанавии кушодашавии Анҷумани ХII-уми байнидавлатии Ҳаракати нозирони наврас баргузор гардид, ки дар он ҳайати намояндагони кишварҳои ИДМ иштирок менамоянд.

Ҳаракатҳои нозирони наврас аз Федератсияи Россия, Ҷумҳуриҳои Беларус, Қазоқистон ва Тоҷикистон бо қатор гузашта, сипас Суруди миллии кишварҳои ширкаткунанда садо дод.
Мавриди қайд аст, ки дар маркази умумироссиягии кӯдаконаи «Смена» дар вилояти Краснодар соли чорум аст, ки ин анҷумани байнидавлатӣ доир мегардад, қаблан ин ҳайат дар марказҳои умумироссиягии кӯдаконаи «Орлёнок» ва «Океан», дар вилояти Москва, шаҳрҳои Ростови лаби Дон, Орёл ва Калининград баргузор гардида буд. 

Дар ин чорабинӣ нозирони наврас лоиҳаҳои худро таҳти унвони «Муаррифии барномаҳои интернет-клуби Ҳаракати нозирони наврас» пешниҳод намуда, дар ҳунарнамоии намуди Қоидаҳои ҳаракати роҳ дар мавзӯи «Рафтори бехатар дар кӯчаю роҳҳои шаҳр» ва озмуни зеҳнии «Чӣ? Кай? Дар куҷо?» дар доираи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ иштирок намуданд.

Дар чорабинии «Микрофони озод» вохӯрии нозирони наврас бо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои ИДМ, ки ба зиммашон таъмини амнияти ҳаракат дар роҳ вогузор шудааст, доир гардид. Аз таҷрибаи самти фаъолият миёни онҳо мубодилаи афкор сурат гирифт.
Дастаи Ҳаракати нозирони навраси Ҷумҳурии Тоҷикистонро 5 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе зери роҳбари Саидов С., ки тарбиягирандагонаш ғолиби чандинкаратаи озмунҳои шаҳрӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ мебошанд, намояндагӣ карданд.
Анҷумани байнидавлатӣ то 2 ноябри соли ҷорӣ идома ёфта, наврасон метавонанд ҳунару маҳорати худро дар доираи озмуну бозиҳои гуногун санҷанд.
Наргис Туйчиева, сардори шӯъбаи тарғибу ташвиқи РБДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика