Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯриҳои судманд бо устодону донишҷӯён

Бо мақсади фаҳмонидани моҳияти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи маориф”, “Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ”, “Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ”, “Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ”, Кодексҳои ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санаи 27-уми сентябри соли равон роҳбарияти РБДА дар донишгоҳу донишкадаҳо ва коллеҷу муассисаҳои таълимӣ вохӯриҳо доир намуданд.
Дар ин радиф муовини сардори РБДА ВКД полковники милитсия Сафарзода Мирзо Нуралӣ бо устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ ва муовини сардори РБДА ВКД полковники милитсия Салимов Шералӣ Фозилович, сардори шуъбачаи амалияи маъмурии раёсати мазкур подполковники милитсия Амирхон Ҳасанов ва кормандони шуъбаи ташвиқоту тарғиботии ҳамин раёсат бо устодон ва донишҷӯёни Коллеҷи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ вохӯрӣ баргузор намуданд.
Зимни вохӯриҳо масъулини Раёсати БДА баромад карда моҳияти тағйиру иловаҳоро ба донишҷӯён ва омӯзгорон фаҳмониданд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки айни ҳол аз ҷониби донишҷӯёни ин боргоҳи илму маърифат ҳолати ба дарс омадани донишҷӯён бо нақлиётҳои шахсӣ ба қайд гирифта нашудааст. Дар рафти вохӯриҳои баргузоргардида ба саволҳои сершумори устодону донишҷӯён аз тарафи масьулин ҷавобҳои мушаххас дода шуд.
Наргис Туйчиева, полковники милитсия




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика