Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

“Аниса” – аниси кӯдакон

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ гардидани яке аз ҳадафҳои маорифпарваронаи хеш ҳанӯз аз солҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамуд. Махсусан таваҷҷуҳ ба муассисаҳои томактабӣ дар ин давра имкон дод, ки дар саросари кишвар даҳҳо боғчаҳои муосир бо таҷҳизоти зарурӣ бунёд ва мавриди истифодабарӣ қарор дода шаванд. Яке аз чунин кӯдакистонҳо боғчаи “Аниса” мебошад, ки дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе воқеъ гардида, имрӯз дар тарбияи насли наврас ва ҳаматарафа ба камол расидани тарбиятгирандагон нақши амиқе дорад.

Оид ба омӯзиши қоидаҳои ҳаракат дар роҳ дар кӯдакистони “Аниса”-и ноҳияи Сино чорабинӣ бо иштироки меҳмонон, падару модарон ва намояндагони Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, доир гардид.
Саҳни бинои кӯдакистон бо воситаҳои техникии танзимкунанда ва дигар овезаҳои тарғиботӣ дар сатҳи баланд таҷҳизонида шуда буд. Чорабиниро мудири кӯдакистони мазкур Гулчеҳра Шукурова оғоз бахшида, иброз намуд, ки мақсад аз баргузор кардани ин ҷамъомад пеш аз ҳама омӯзонидани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ миёни кӯдакон ва наврасон мебошад. Мо кӯшиш менамоем, ки кӯдакони мо қоидаҳои ҳаракат дар роҳро аз овони хурдсолӣ дар кӯдакистонҳо омӯхта, талаботи онро риоя намоянд. Зеро риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ кафили бехатарии иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ мебошад.
Кӯдакон барномаи омодакардаи худро бо се забон - тоҷикӣ, русӣ, англисӣ пешниҳоди тамошобинон намуданд. Боиси ифтихор аст, ки кӯдакони мо аз рӯзҳои аввал дар боғча дар баробари омӯзиши забони тоҷикӣ, ҳамчунин ба омӯхтани забонҳои дигар низ машғул мегарданд.
Намояндагони Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ баромад намуда, ба ташкилкунандагони ин чорабинӣ изҳори сипос намуданд. Ҳамчунин кӯдакону наврасонро ба ҷашни 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, оид ба риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, чи тавр гузаштан аз роҳҳои автомобилгард таклифу пешниҳодҳои судманд баён доштанд.

Зикр кардан ба маврид аст, ки ин иқдоми нек барои кӯдакистонҳои дигари кишвар боиси омӯзиш ва дастгирӣ мебошад.
Дар охир миёни иштирокчиён ва кормандони Раёсати БДА оид ба риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ гуфтугӯи судманд доир гардида, ба наврасони кӯдакистон вобаста ба риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ варақаҳои таблиғотӣ тақсим карда шуд.
Наргис Туйчева, полковники милитсия




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика