Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хотираҳои ҷанговари башардӯст

172

15 феврали соли 1989 ҳамчун Рӯзи баровардани Артиши Шӯравӣ аз хоки Афғонистон аст. Инак 34 сол мешавад, ки собиқадорони ҷанги Афғонистон лаҳзаҳои ҳаёти гузаштаро ба ёд меоранд. Албатта, на ҳама ёддошту хотираҳо дилпазиру хушҳолкунанда ҳастанд. Ҳамсафони ҳалокгардида, ҷароҳатҳои ҷисмониву равонӣ, оҳу нолаи модарони фарзандгумкарда, фарзандони аз меҳрубонии падару модар маҳрум шуда, шаҳру деҳоти аз оқибати ҷанг зарар дида ва дигару дигар эҳсосоти ногувор хотираҳое мебошанд, ки бо гузашти солҳо барои ҳар як сарбози интернатсионалист аксашон аз дидаву бӯяшон аз димоғ намеравад.177
Полковники милитсия сардори Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Ҷ.Расулов Абдувоҳид Солизода ягона собиқадори башардӯстест, ки айни ҳол дар сафи милитсияи вилояти Суғд фаъолият дорад. Солҳои қаблӣ аз ҳисоби ҷанговарони интернатсионалист кормандон зиёд буданд, аммо бо гузашти солҳо бо адои давраи хизмат ба нафақа рафтанд. Бо ҳамкорон дар гузашта ҳар сол ба муносибати хуруҷи нерӯҳои Шӯравӣ аз Афғонистон ҷамъомадҳо ташкил намуда, хотираи гузаштагони ҷангро пос медоштем ва ин анъана ҳоло ҳам идома дорад, мегӯяд ҳамсуҳбати мо.
174Полковники милитсия Абдувоҳид Солизода 3-юми июли соли 1966 дар шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Қӯрғонтеппаи Тоҷикистони Шӯравӣ (шаҳри Бохтари вилояти Хатлони имрӯза) таваллуд шудааст. Соли 1984 баъди хатми соли аввали таҳсил дар факултети забон ва адабиёти руси Донишкадаи педагогии ба номи Т.Г Шевченко (алҳол Донишгоҳи омӯзгории ба номи С.Айнӣ) худро ихтиёран барои хизмати ҳарбӣ номнавис намуд. Коммисариати ҳарбӣ қобилияти забондонӣ ва сатҳи омодагии сиёсиашро ба инобат гирифта ӯро барои хизмат ба Ҷумҳурии Демократии Афғонистон гуселониданд. Тавре санадҳои таърихӣ гувоҳи медиҳанд, соли 1984 даргириҳои сиёсӣ бо хунрезиҳои шадид дар Афғонистон ҳукмфармо буд ва қувваҳои мусаллаҳи ИҶШС соли панҷум буд, ки ба хотири таъмини осоиштагӣ ва барқарор кардани ҳукумати конститутсионӣ дар ин кишвари хориҷӣ хизмат мебурданд.
Ёдовар мешавем, ки муноқишаи мусаллаҳонаи нерӯҳои ҳукуматии Афғонистон ва гурӯҳҳои муҷоҳиддини афғон, ки ҳамчун Ҷанги Афғонистон дар таърихнигорӣ маъруф аст, охири соли 1978 оғоз ёфт.
Дахолати низомӣ ва ворид кардани Артиши Шӯравӣ ба хоки Афғонистон бо қарори Бюрои сиёсӣ 12 декабри соли 1979 ба имзо расид. ИҶШС (СССР) дар ин ҷанг, Ҳизби Халқи Демократии Афғонистонро дастгирӣ карда, вориди Афғонистон шуд. Ҷанги ИҶШС дар Афғонистон 10 сол идома ёфта, мувофиқи далелҳои расмӣ наздик 15 000 нафар аскарони Шӯравӣ дар ин ҷанг қурбон шудаанд.175
Нафароне, ки аз ҷабҳаи ҷанги Афғонистон гузаштаанд дар ҳақиқат имтиҳони ватандорӣ ва пос доштани муқаддасоти онро бо чашми сар дидаанд. Ҳарчанд ҷанговарӣ ва иштирок дар ҷангро ҳеҷ як банни башар тарафдор нест, аммо замоне сухан аз Ватану ватандорӣ ва муҳофизати он меравад андешаҳо дигаранд, таъкид медорад А.Солезода. Муҳлати ду соли хизмати ҳарбиро номбурда дар Қисми ҳарбии 48059 дар ҳайати полки десантӣ-ҳавоӣ сипарӣ ва дар муҳорибаҳои шадиди ҷангӣ дар 12 шаҳру вилоятҳои Ҷумҳурии Демократии Афғонистон карзи интернатсионалистиашро адо намудааст. Дар баробари иштирок дар муҳорибаҳои ҷангӣ, ба ҳайси тарҷумон низ хизмат мекард.
Дар взводи разведкавӣ хизмат намуда бо ҳамхизматонам макони ҷойгиршавии душманро дар деҳаҳо ё мавзеъҳои мушкилгузари куҳӣ муайян ва алайҳи онҳо муқобилияту задухурди мусаллаҳона менамудем. Ҷангҳои партизанӣ ҳаёти осоиштаи мардумро халалдор мекард. Деҳаҳо, баъзан шаҳру ноҳия ва вилоятҳо аз даст ба даст мегузаштанд. Аз ҳама бештар мардуми оддӣ дар азоб буд. Гирифтани ахборот барои пешгирӣ аз интиқоли нерӯ ва лавозимоти ҷангӣ, силоҳи оташфишон, маҳсулоти хӯрока ба муҷоҳидон вазифаи мо сарбозон буд. Борҳо корвонҳои интиқолдиҳандаи кӯмак ба қувваи душман аз ҷониби мо муайян, бо кӯмаки ҳарбиёни полки десантӣ-ҳавоӣ торумор ва силоҳу лавозимотӣ ҷангии аз онҳо мусодира шуда минбаъд бар зидди худашон истифода шуда маҳсулоти хӯроквориро ба сокинони маҳаллӣ тақсим мекардем, иброз медорад собиқадори интернатсионалист.
Корнамоиҳои мавсуф давоми хизмати ҳарбӣ бо медалҳои «Барои шуҷоат», «Барои хизматҳои ҷангӣ», «Аз халқи сипосманди афғон» ва баъди баргаштан аз хизмат бо ордени «Садоқат» ва якчанд медалҳои ҷашнӣ аз тарафи Кувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Россия, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои умумииттифоқии собиқадорони ҷанги Афғонистон қадршиносӣ шудааст.
Абдувоҳид Солизода аз ташаббускорони таъсиси Шуроӣ интернатсионалистони ҷанги Афғонистон дар зодгоҳаш шаҳри Бохтар мебошад, ки аз соли 1986 то соли 1992 раисии ин Шӯрои ҷамъиятиро ба уҳда дошт. Бо таъсиси Шӯрои мазкур ӯ ва якчанд нафар ҳамсафонаш тавонистанд, ки бо кӯмаку ёрмандии моддиву маънавӣ даҳшати баъди ҷангиро барои сарбозони башардӯст сабук созанд. Дар гузашта Шӯрои ҷамъиятии ҷанговарони Афғонистон аз бонуфузтарин шӯроҳое маҳсуб меёфт, ки аъзоёнаш аз имтиёзҳои зиёд дар сатҳи ҳукумати Шӯравӣ бархурдор буданд. Таъмин бо манзили истиқоматӣ, истироҳату табобати ройгон дар саросари ИҶШС аз ҷумлаи чунин имтиёзҳо буд, ки ҷанговарони интернатсионалист баҳравар мешуданд.
176Қаҳрамони матлаби мо соли 1990 Донишгоҳи омӯзгориро бомуваффақият хатм намуда соли 1993 фаъолияташро дар мақомоти корҳои дохилӣ оғоз намудааст. Барои гирифтани маълумоти соҳае, ки ба кор дар он иқдом намуд, давоми солҳои 1995 - 2000 дар Мактаби олии милитсияи ВКД Ҷумҳури Тоҷикистон таҳсил ва баъди хатм ҳамчун мутахассиси соҳаи ҳуқуқшиносӣ пайроҳаи фаъолияташ дар сохтори МКД боз ҳам васеъ гардид. Инак 30 сол мешавад, ки сарбози интернатсилналист баҳри ҳимояи манфиатҳои ҷамъиятию давлатӣ, таъмини амнияту суботи ҷомеа, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва тарбияи кормандони ҷавон дар сафи мақомоти корҳои дохилӣ фаъолияти бенуқсон нишон дода лоиқи ифтихори ҳамсафони интернатсионалист ва ҳамкорон мебошад. Абдувоҳид Солизода бо қобилият ва маҳорати худ давра ба давра вазифаҳои пурмаҳсули хизматиро иҷро намуда то ба ҳадди сардори Шуъбаи ВКД камол ёфт. Мушарраф шудан ба чунин дастоварди хизматӣ натиҷаи масъулият ва хизматҳои шабонарӯзӣ мебошад.
Ҳарчанд аз рӯзи баровардани охирин сарбози Иттиҳоди Шӯравӣ 34 сол гузашта дар харитаи ҷаҳонӣ дигар давлате бо номи СССР мавҷуд нест ва ба ҷойи он 15 давлати мустақил ба вуҷуд омад, барои нафароне ки шоҳиди зиндаи ин ҷанг буданд - сарбозони интернатсионалист ин сана таърихӣ ва хотирмон аст. Зеро ҳар яки онҳо қарзи шаҳрвандиро иҷро намуда, дар ҳолати зарурӣ муҳофизи ҳуқуқу озодиҳои инсон буданд. Хизмати онҳо дар ҳақиқат ба ифтихор лоиқ аст.
Акбар Шарифӣ, майори милитсия.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика