Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ёде аз инсони нек

161

Поси хотири гузаштагон, эҳтиром ва қадршиносӣ намудани онҳо вазифаи муқаддаси ҳар як инсони комил аст.
Арҷ гузоштан ба хизматҳову ҷоннисориҳои гузаштагон дар роҳи пойдории амнияту сулҳи кишвар ҳамчун роҳнамои ибратомӯзи насли оянда боқӣ хоҳад монд.
Имрӯз мехоҳем ҳамчун рамзи эҳтиром ба шахсияти собиқадори хизматнишондодаи милитсия, аз як нафар инсоне, ки саропои вуҷудаш накӯиву самимият буд ёдовар шавем.
Полковники мустаъфии милитсия, шодравон Шарифзода Саидхон Теша, соли 1954 дар шаҳри Кулоби вилояти Хатлон ба дунё омадааст. Аз соли 1977 то соли 1979 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ адои хизмат намуда, Донишгоҳи давлатии шаҳри Кулоб ва Донишгоҳи давлатии шаҳри Бохтарро хатм намудааст.
Аз соли 1979 то соли 2011 дар мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаҳои гуногун кору фаъолият кардааст.
Фаъолияти корияшро дар самти ревизори калони шуъбаи молиявӣ-иқтисодии шуъбаи ВКД дар шаҳри Кулоб оғоз намуда, то сардори шуъбаи молиявӣ-иқтисодии Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон фаъолият намудааст. Дар ҳамаи вазифаҳои хизматӣ худро ҳамчун шахси меҳнатдӯст, поквиҷдон ва уҳдабаро нишон дода, дар байни роҳбарият ва ҳайати шахсӣ дорои обрӯи хоса буд.
23-юми октябри соли 2018 марги нобаҳангом риштаи умри ин инсони наҷиб ва афсари сарсупурдаи мақомоти корҳои дохилиро канда кард.
Имрӯзҳо собиқадорону шогирдонаш аз маданияти баланди инсонгарӣ, муоширати бомуҳаббат ва садоқат ба касби интихобнамудааш бо ҳамкорон ҳарф мезананду ба некӣ ёдаш меоранд.
Мавсуф умри пурбаракати худро сарфи хизмат ба халқу диёр бо рафтори ҳамида, инсондӯстӣ ва билохира, оштинопазир будан бо ҳама гуна амалҳои бад сипарӣ намудааст.
«Дунё - гузарон” гуфтаанд. Вале пас аз марг танҳо номи нек ва сифатҳои накӯ аз инсон боқӣ мемонад.
Шарифзода Саидхон Теша, ҳамчун инсони самимӣ, дӯстдори касб ва содиқ ба Савганд, ки барои дигарон намуна ва лоиқи ифтихори мақомоти милитсия буданд, аз қалбу ёдҳо фаромӯш нахоҳад шуд.
Ёдашон гиромӣ бод!
Офоқ Қодириён, полковники милитсия




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика