Рӯзи 8-уми феврали соли 2023 собиқадори мақомоти корҳои дохилӣ Абдувалӣ Қайюмов, сокини ҷамоати деҳоти Хонободи шаҳри Исфара дар синни 99 солагӣ аз қайди ҳаёт рафт. Мавсуф охирин собиқадори дар қайди ҳаёт будае маҳсуб меёфт, ки дар Ҷанги бузурги Ватанӣ иштирок ва баъдан дар сохтори милитсия фаъолият намудааст.
Дар митинги видоъ, ки Раёсати ВКД дар вилояти Суғд ва МИҲД шаҳри Исфара баргузор намуданд, таъкид рафт, ки штирокчии ҶБВ Абдувалӣ Қайюмов моҳи июли соли 1924 дар ҷамоати деҳоти Хонободи шаҳри Исфара дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Соли 1932 ба мактаби ибтидоии зодгоҳаш рафта соли 1936 синфи 4-ро хатм намуда, баъдан то соли 1942 дар колхоз заҳмат кашидааст. Моҳи январи соли 1942 барои хизмат ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ даъват шуда, хизматро ба ҳайси телеграфист дар Полки №42 алоқа дар шаҳрҳои гуногуни Федератсияи Россия, Калинский ва Лвови Украина то моҳи апрели соли 1947 идома медиҳад. Дар муҳорибаҳои ҷангӣ ва озод намудани шаҳрҳои гуногуни Федератсияи Россия, Украина, шаҳру деҳоти давлатҳои соҳили Балтик ва Чехословакия саҳм гузоштааст.
Соли 1951 ба сафи милитсияи Шуравӣ пайваста, зиёда аз 30 сол дар мақомоти корҳои дохилӣ фаъолияти бенуқсон менамояд. Фаъолияти хизматиашро аз вазифаи милитсионери қатории шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Исфара оғоз намуда то ба вазифаи командири Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и шуъбаи мазкур идома медиҳад ва соли 1982 ба нафақа мебарояд.
Дар маросими видоъ раиси Шӯрои Созмони собиқадорон дар назди Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд полковники мустаъфии милитсия Алиҷон Ҳайдаров ба пайвандони марҳум ҳамдардии Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Рҳимзода Рамазон Ҳамро, сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Навҷувонов Абдулло Шанбиевич ва ҳайати шахсии милитсияи вилоятро расонида, ҳаёту фаъолияти ӯро ба некӣ ёд карданд.
Собиқадори милитсияро дар оромгоҳи зодгоҳаш ба хок супориданд.
Акбар Шарифӣ, майори милитсия.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>