Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аз гузашта бояд ибрат гирифт

84

Ғофил машав з-умр, ки чун киштии дар об,

Истода менамояду чун тир меравад.

Ҳар амали неке, ки аз гузаштагон ба ёдгор мемонад, мо бояд онро барои имрӯзу оянда арҷгузорӣ намоем.
Дуруст аст, ки гузашти рӯзгор ибратест барои фардо ва инсонҳо набояд гузаштаи худу қавм ва наздикону пайвандонро фаромӯш созанд.
Кору пайкор ва фаъолияти пурсамари шахсиятҳои наҷиб бояд намунаи ибрат барои насли ҷавон бошаду корнамоиҳояшон дар роҳи адолат, барқарории сулҳу осоиштагӣ барои дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия намудани ҷавонон истифода шавад.
Дар қатори ин шахсиятҳои наҷиб генерал-майори милитсия, шодравон Искандарзода Абдулваҳоб Мансурро, ки ҳангоми адои хизмат дар сохтори мақомоти корҳои дохилӣ рисолати касбии хешро ба шоистагӣ иҷро намудааст, ёдоварӣ намудан, камоли эҳтиром аст.
Искандарзода Абдулваҳоб Мансур, 25 ноябри соли 1957 дар ноҳияи Восеъ ба дунё омадааст. Соли 1980 Донишгоҳи давлатии шаҳри Душанбе ва соли 1992 мактаби Олии милитсияи шаҳри Тошкандро хатм намудааст.
Аз соли 1984 то 27 феврали соли 2019 дар вазифаҳои гуногуни мақомоти корҳои дохилии Чумҳурии Тоҷикистон аз корманди самти кадрӣ то муовини аввали раёсат ва дигар вазифаҳои гуногуни мақомоти корҳои дохилӣ хизмати бенуқсон намудааст.
35-соли хизматҳояш дар мақомоти корҳои дохилӣ боиси ситоишу қадршиносист.
Собиқаи касбияш: Аз солҳои 12.01.1995 то 22.11.1995 сардори Раёсати ВКД дар ноҳияи Ғарм, аз 08.02.1996 то 05.03.1997 муовини сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон, аз 06.03.1997 то 16.09.1997 Ёвари Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 16.07.1997 то 07.06.2000 сардори Қ/М РВКД дар вилояти Хатлон оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Кулоб, аз 07.06.2000 то 08.12.2000 сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, аз 26.08.2014 то 22.11.2014 муовини сардори Раёсати ВКД дар ВМКБ, аз 22.11.2014 то 12.12.2017 сардори Раёсати ВКД дар ВМКБ ва дар вазифаи муовини аввали сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон аз 12.12.2017 то 27.02.2019 кору фаъолият менамуд.
Барои хизматҳои шоиста ва софдилона дар рӯҳияи тарбияи ватандӯстӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ва ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон борҳо қадрдонӣ шудааст. Ӯро ҳамчун дӯстдори Ватан ва фидоии касби хеш ёдоварӣ мекунанд, ки дар баробари хизмати шоиста ва иҷрои қарзи фарзандӣ дар назди халқу миллат барои як зумра кормандони милитсия ҳаққи устодӣ дорад.
Ҳамеша ба кормандон сабурӣ, пуртамкинӣ ва ба оянда хушбин буданро талқин менамуд.
Дар давоми фаъолияти корӣ баҳри пешравии кори милитсия, тарбияи насли ҷавони мақомот хизматиҳои зиёде кардааст, ки ин ҳама нишонаи содиқ ба касб будан аст.
Имрӯзҳо натиҷаи заҳмати ҳамин гуна афроди масъулиятшинос аст, ки оромӣ ва осоиштагӣ дар кишвари маҳбубамон ҳукмфаромост.
Генерал-майори милитсия, шодравон Искандарзода Абдулваҳоб Мансур ҳамчун роҳбари масъулиятшинос, дӯстдори касб ва содиқ ба Савганд, ки барои дигарон намуна ва лоиқи ифтихори мақомоти милитсия буд, ҳамеша дар зеҳну ёдҳо боқӣ мемонад.
Боиси ифтихору сарфарозии мост, ки дар таърихи Ватан номи ин шахсиятҳо абадӣ сабт гаштаанд.
Ёдашон гиромӣ бод!
Офоқ Қодириён, полковники милитсия




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика