12 ноябри соли 2021 дар Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии ботантана доир гардид. Дар ин чорабинӣ роҳбарияти СХДО ВКД, кормандони Дастгоҳи марказӣ, роҳбарону кормандони ҷузъу томҳои Сарраёсат ва собиқадорони соҳа иштирок намуданд. Кормандони хадамот як нафар ҳамкасби худ - сардори Қисми махсуси минтақавии Сарраёсат подполковники хизмати дохилӣ Давлатзода Абдуҷамил Раҳматро тантанавор ба нафақа гусел намуданд.
Сараввал сардори СХДО ВКД генерал-майори хизмати дохилӣ Бахтиёр Умарзода ба чорабинӣ ҳусни ифтитоҳ бахшида, иштирокчиёни онро хайрамақдам гуфт. Сипас сардори Сарраёсат аз давраҳои ба хадамот ба кор омадану фаъолияти кории минбаъдаи Абдуҷамил Давлатзода то ба замони ба нафақабароияш ба ҳозирин маълумоти мушаххас дод. Аз ҷумла, ӯ қайд намуд ки сафҳои хадамоти давлатии оташнишониро имрӯз шахсе тарк карда истодааст, ки солҳои зиёд хизмати халқу Ватани азизро содиқона ва беғаразона адо намудааст. Вақте кас дафтари корномаи онро варақгардон мекунад, бешубҳа ба ин инсони комил барои хизматҳои шоён дар Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳсану офарин мегӯяд. Зеро айни замон дар сафҳои мо шахсияте, ки фаъолияти кории хешро аз оташнишони қаторӣ сар карда то ба рутбаҳои баланду мансабҳои роҳбарикунанда расида бошад, ангуштшуморанд. Дар тамоми вазифаҳои ишғолнамудааш Давлатзода Абдуҷамил Раҳмат манфиати давлатро аз манфиатҳои шахсии худ боло гузошта, самараноку содиқона адои хизмат намудааст.
Аз солҳои аввали фаъолияти кориаш роҳбарони онвақта дар ин шахсият танҳо хислатҳои наҷиби инсониро мушоҳида намуда, матонату мардонагии шахсии ӯро қадршиносӣ кардаанд. Маҳз ҳамин хислатҳои хуб ва лаёқату истеъдоди ӯро ба инобат гирифта пайваста иҷрои вазифаҳои душворро ба зиммааш мегузоштанд ва мо ҳамагон шоҳид ҳастем, ки Абдуҷамил Давлатзода дар тамоми давраи фаъолияташ аз уҳдаи иҷрои ин вазифаҳо бо сарбаландӣ баромадааст.
Дар давраи фаъолияти корӣ ӯ дар ҳамаи вазифаву мансабҳои ишғолнамудааш худро ҳамчун мутахассиси соҳибистеъдоди соҳа нишон дода, сохиби иззату эҳтироми ҳамкасбон гардидааст. Ҳоло бошад боз ду фарзанди вай давомдиҳандагони касби падар шуда, дар Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД фаъолияти пурсамар намуда истодаанд - гуфт сардори СХДО ВКД Бахтиёр Умарзода.
Собиқадорони соҳа, ҳамкасбон ва писари Абдуҷамил Давлатзода, капитани хизмати дохилӣ Давлатзода Солеҳ низ, дар баромадҳои худ роҷеъ ба хислатҳои хуби инсондӯстӣ, хизматҳои содиқонаи ӯ ба халқу Ватан ва кордонию ташаббусҳои наҷибаш дар рушду тарақиёти Хадамоти давлатии оташнишонӣ суханронӣ намуданд.
Давлатзода Абдуҷамил дар баромади худ иброз дошт, ки давоми 25 соли тақвимӣ дар хадамот кору фаъолият намудааст ва аз он ифтихор дорад, ки маҳз дар мақомоти корҳои дохилӣ содиқона адои хизмат намудаасту имрӯз ҳамкасбон меҳнатҳояшро қадр намуда, дар чунин шароити тантанавӣ ӯро ба нафақа гусел карда истодаанд.
Дар интиҳои чорабинӣ аз тарафи роҳбарияти Сарраёсат ба Давлатзода Абдуҷамил Раҳмат тӯҳфаҳои қиматноки хотиравӣ супорида шуданд. Инчунин ба соҳибҷашн пеш аз ҳама умри дароз, хушии рӯзгор ва ободии хонадонашро таманно намуда, изҳор доштанд, ки дар оянда низ Абдуҷамил Давлатзода бо маслиҳатҳои муфиди хеш дар роҳи баланд бардоштани мавқеи хадамоти оташнишонӣ ба кормандони ҷавони соҳа ёвару мададгор бошанд.
Кароматулло Абдуллоев
СХДО ВКД ҶТ
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>