Матлаби мазкур фарогири мавзӯи муҳаббати баланди инсонӣ, садоқат ба Ватану миллати хеш ва касбу кори интихобнамудаи як фарзанди барӯманди миллати тоҷик Комилов Файзулло Қаюмович мебошад. Ин шахси донову тавоно давоми солҳои зиёд дар Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолият намуда, имрӯзҳо ҳамчун собиқадори соҳа даврони пирӣ меронад ва соли равон ӯ ба синни мубораки 81 медарояд.
Комилов Файзулло Қаюмович - писари дуюми оила, 5 марти соли 1940 дар ноҳияи Ғончии вилояти Суғд чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Пас аз бо баҳои хубу аъло ва рафтори шоиста дар соли 1958 хатм намудани мактаби №1-и ноҳия, ӯ ба Омӯзишгоҳи ҳарбӣ-оташнишонии шаҳри Свердловски Федератсияи Россия дохил шудааст. Омӯзимшгоҳро низ ӯ баҳои хубу аъло хатм намудааст.
Фаъолияти кории худро Комилов Ф.Қ. аз вазифаи нозири назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор дар ноҳияи Восеъ оғоз намуда, баъдтар ба вазифаҳои сардори басти навбатдори қисми оташнишонии 3-юми ноҳияи Октябри (ҳоло И.Сомонӣ) шаҳри Душанбе таъин гардидааст. Дар ин вазифа давоми се сол пайиҳам дар омӯзиши ҳарбӣ-сиёсӣ, тайёрии ҳолати омодабошии зердастон ва варзиши касбӣ-оташнишонӣ Комилов Ф.Қ. сазовори ҷойи аввал дар қисм ва гарнизони Хадамоти давлатии оташнишонии Душанбе мегардад. Худи ҳамон сол бо ташаббуси Комилов Ф.Қ. дастаи мунтахаби варзиши касбӣ-оташнишонии ХДО ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон комилан аз аҳолии маҳаллӣ ташкил карда мешавад, ки ин як навъ навоварӣ ва муваффақияти миллати тоҷик дар он солҳо ба шумор мерафт ва бо ин васила дастаи мунтахаби варзиши касбӣ-оташнишонии ХДО ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мусобиқаҳо боз ҳам бештар ба натиҷаҳои хубу комёбиҳо ноил мешуданд.
Ба хотири кордониву навовариҳо ва комёбиҳои ба дастовардааш роҳбарияти Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Файзулло Комиловро ба вазифаи ҷонишини сардори қисми оташнишонии 2-юми ноҳияи Марказии (ҳоло Фирдавсӣ) шаҳри Душанбе таъин менамоянд. Ӯ дар ин вазифа низ натиҷаҳои хуби корӣ нишон медиҳад ва роҳбарият ӯро ба вазифаи сардори қисми навтаъсиси техникӣ таъин мекунанд. Дар баробари ин, Комилов Файзулло Қаюмович раиси суди рафиқонаи афсарони Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД интихоб мегардад.
Дар соли 1979 Комилов Ф.Қ. аввалин корманди соҳа аз миллати тоҷик ба Академияи Вазорати корҳои дохилии Иттифоқи Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ дар шаҳри Москва дохил мешавад, ки он вақт ин кори саҳлу осон набуд ва онро бо ихтисоси муҳандиси бехатарӣ аз сӯхтор хатм менамояд. Баъд аз хатми Академия дар вазифаҳои гуногуни роҳбарикунандаи Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД дар шаҳри Душанбе кору фаъолият намуда, то ба рутбаи махсуси подполковники хизмати дохилӣ мерасад. Ҳамчунин ӯ дар ин давра ба варзиши касбӣ-оташнишонӣ ба таври ҷиддӣ машғул шуда, дар ин ҷода ба гирифтани унвонҳои «Устоди хизматнишондодаи варзиши ИҶШС» ва «Мураббии хизматнишондодаи варзиши ИҶШС» сарфароз гардидааст.
Илова бар ин, дар ҳамон вақт ӯ аъзои Комиссияи назоратии Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ИҶШС интихоб карда мешавад, ки мувофиқи уҳдадориҳо тамоми сохторҳои оташнишонии умумииттифоқиро санҷиш намуда, барои ба роҳ мондани таҷрибаи пешқадами соҳа ва самаранокии фаъолияти корӣ дар онҳо ба роҳбарону кормандони ниҳод ёрии методӣ ва кӯмаки амалӣ мерасониданд.
Бояд қайд кард, ки Комилов Файзулло Қаюмович дар давоми кору фаъолияти худ шогирдони зиёдеро тайёр намуда, барои фаъолияти пурсамар бо 9 медалу нишонҳои сарисинагии соҳавию давлатӣ мукофотонида шудааст.
Имрӯз Файзулло Комилов бо шогирдони тайёр намудаи худ, аз ҷумла генерал-майори мустаъфӣ Ҷангиев Н., полковникҳои мустаъфӣ Самадов Р., Зоиров Б.Б., Бобоёров А.А., Шарипов Т., Исмоилов Р.К., Саъдуллоев А.Н. ва ғайраҳо фахр менамояд.
Ҳамчунин ӯ бо ҳашт нафар фарзандони барӯмандаш низ, ки чор нафарашон пешаи падарро ба худ касб кардаанд, ифтихор дорад. Ҳоло Комилов Анвар Файзуллоевич дар Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе бо рутбаи махсуси подполковники хизмати дохилӣ фаъолият намуда истодааст. Рустам, Ғафур ва Наргис ҳам то ба нафақа баромадан дар Хадамоти давлатии оташнишонӣ фаъолияти пусамар намудаанд. Лола, Иброҳим, Рашид ва Темур низ соҳиби таҳсилоти олӣ буда, дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ ба давлату миллати худ хизмат намуда истодаанд.
Бузургони сухан фармудаанд, ки муаррифгари ҳар як халқу миллат фарзандони баору номус ва бо фарҳангу қавииродааш мебошанд. Миллати тоҷикро низ аз қадимулайём фарзандони номдораш номбардорӣ намудаанд.
Комилов Файзулло Қаюмович низ аз зумраи чунин фарзандони баору номус, меҳнатқарин, ватандӯст ва номбардори давлату миллати хеш ба ҳисоб меравад.
Дар интиҳо аз фурсати муносиб истифода бурда, аз номи роҳбарияти Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ва тамоми кормандони соҳа устоди арҷманд Комилов Файзулло Қаюмовичро ба муносибати ҷашни зодрӯзашон табрик ва муборакбод намуда, ба эшон умри дарози бобаракат, саломатии бардавом, саодати рӯзгор ва осмони софу беғуборро таманно менамоем.
Касе, ки боварии халқро арзанда
мегардад,
Ба ҳаркас дӯстрӯ, ҳар хонаро зебанда мегардад...
Кароматулло Абдуллоев
СХДО ВКД ҶТ
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>