Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дирӯз ва имрӯзи Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилӣ

702

Дар ҳама давлатҳои хурду бузурги ҷаҳон аз замоне, ки зарурати муайян намудани шахсияти ҳар як инсон пеш омад, дар ҳар шаклу тарҳ чунин ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият, яъне шиноснома ба вуҷуд омадааст. Баробари дигар мамолики ҷаҳон, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ то таъсис ёфтани бахши шиносномадиҳӣ, ҳар гуна ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият ба мисли "китобчаи шиноснома", "гувоҳномаи иқомат", "шаҳодатномаи таваллуд", "шаҳодатномаи сафарӣ", "ҳуҷҷатҳои мандатӣ" ва дигар намуди ҳуҷҷатҳо бо сабти ному насаб ҳамчун ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият истифода бурда мешуд.
Бо мурури замон, вақте Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайати собиқ Иттифоқи Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ шомил гардид, аввалин маротиба дар ҷумҳурии мо 27 декабри соли 1932, аз ҷониби Кумитаи иҷроияи марказӣ, Шӯрои комиссарони халқӣ ва Кумитаи иҷроияи марказии собиқ Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ қарор таҳти №57/1917 "Дар бораи муқаррар намудани системаи ягонаи шиносномавӣ ва бақайдгирии ҳатмии шиносномаҳо дар Иттифоқи Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ" қабул карда шуд. Бинобар ин, 27 декабр ҳамчун Рӯзи шиноснома дониста шудааст, - иброз дошт сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилӣ полковники милитсия Халилзода Ҳусейн Собир.
Ҳусейн Халилзода зикр кард, ки пас аз соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти сиёсати хирадмандонаву созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти ВКД дар баробари дигар идораву сохторҳои қудратии кишвар, сохтори Вазорати корҳои дохилӣ ва ҷузъу томҳои он низ мукаммал ва ба як ниҳоди пуриқтидори давлатӣ мубаддал гардид.
Бояд қайд кард, ки миёни дигар ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ низ як ҷузъи пешбари самти фаъолият ба шумор меравад ва бо мақсади боз ҳам хубтару беҳтар ба роҳ мондани ин самти фаъолият, бо дастгириҳои ҳамаҷонибаи роҳбарияти Ҳукумати кишвар, саъю кӯшишҳои пайвастаи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, ин ҷузъи ҷудонашавандаи мақомоти корҳои дохилӣ як воҳиди муҳимму пешбари самти худ гардидааст.
- Гарчанде ХШБ дар замони таъсисёбӣ ҳамчун як шуъбача ва баъдан дар ҳайати дигар бахшҳои мақомоти корҳои дохилӣ, инчунин чанд маротиба бо тағйири ном ҳамчун як воҳиди алоҳида фаъолият карда бошад ҳам, аммо бо зарурати талаботи замон ва муҳиммияти ин самти фаъолият, дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2011 таҳти №151-6 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, №598-20 дар сохтори Вазорати корҳои дохилӣ воҳиди нав "Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ" таъсис ёфт, ки тибқи Фармоиши Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 июли соли 2011, таҳти №10 б/з Низомномаи он тасдиқ гардидааст, - афзуд сардори хадамот.
704Роҳбарият ва ҳайати шахсии Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД фаъолияти худро мутобиқи супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати ҷумҳурӣ, Фармону супоришҳои Вазири корҳои дохилӣ, қарорҳои мушовара ва протоколҳои машваратҳои назди Вазири корҳои дохилӣ ба роҳ монда, санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, сармашқи кори худ қарор дода, вазифаҳои хизматиашонро оид ба назорат, нигоҳдорӣ ва хизматрасонии давлатӣ дар самтҳои фаъолияти шиносномавию бақайдгирӣ, баҳисобгирии қайди аҳолӣ, масъалаҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, гурезаҳо, додани гувоҳномаи иқомат барои зисти доимӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, назорати будубоши шаҳрвандони хориҷӣ, инчунин амалӣ намудани дигар уҳдадориҳое, ки қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар намудааст, ҳамаҷониба ва дар сатҳи зарурӣ иҷро намуда истодаанд.
Бояд гуфт, ки Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД иборат аз 8 шуъба, 3 шуъбача ва котибот, яъне шуъбаи таҳлилӣ-назоратӣ ва ҳуқуқӣ, шуъба оид ба корҳои шиносномавӣ; шуъбаи корҳои раводидӣ ва бақайдгирӣ (гурӯҳи корҳои шиносномаи биометрӣ); шуъбаи шаҳрвандӣ ва кор бо гурезаҳо (шуъбачаи кор бо гурезаҳо, шуъбача оид ба масъалаҳои шаҳрвандӣ); шуъбаи шиносномавию бақайдгирии аҳолӣ дар шаҳри Душанбе; шуъбаи назорати шаҳрвандони хориҷӣ; бюрои суроғавӣ-маълумотдиҳӣ; шуъбаи молиявӣ-иқтисодӣ ва таъминотӣ; инчунин котибот мебошад.
Ҳамзамон, сардори Хадамот илова намуд, ки воҳидҳои поёнии ХШБ дар таркиби сохтории раёсатҳо ва шуъбаҳои ВКД-и вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҳамарӯза баҳри иҷрои вазифаҳои базиммадоштаашон ҷиҳати беҳтар намудани хизматрасонӣ ба аҳолӣ фаъолият доранд.
Имрӯзҳо шурӯъ аз дастгоҳи марказии ХШБ, бахшҳои таркибӣ ва фаъолияти самараноки тамоми воҳидҳои поёнии он таҳти назорати роҳбарияти ВКД қарор дошта, барои дуруст ба роҳ мондани самти фаъолият, риояи қонуният ва хуб хизматрасонӣ намудан ба шаҳрвандон ҳангоми муроҷиат тамоми шароитҳо муҳайё карда шудааст. Метавон гуфт, дар тамоми бахшҳои шиносномавию бақайдгирии ХШБ новобаста ба он ки дар кадом шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ фаъолият доранд, шароити хизмативу маишӣ фароҳам оварда шудааст. Илова бар ин, бо дастгириҳои ҳамаҷонибаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро тамоми бахшҳои шиносномавию бақайдгирӣ аз таъмиру тармими пурра бароварда шуда, ҳамзамон, барои чандин бахшҳои мазкур дар шаҳру ноҳияҳо биноҳои наву ҷавобгӯ ба талаботи замон ва муҷаҳҳаз бо лавозимоти корбарӣ сохта ба истифдода дода шудааст.
Соли равон на танҳо давлати мо, балки тамоми давлатҳои ҷаҳонро бемории сироятии нави коронавирус ("СOVID-19") фаро гирифт. Он дар баробари зиён расонидан ба саломатии шаҳрвандон, ҳамчунин дар пешравии соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии кишвар мушкилот пеш оварда, таъсири худро расонид.
Аммо новобаста ба мушкилоти пешомада, таҳти дастуру супоришҳои роҳбарияти ВКД, ҳайати шахсии ХШБ дар баробари пешбурди самти фаъолият, баҳри пешгирии сироятёбии шаҳрвандон миёни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, ҳамзамон ҳангоми қабули шаҳрвандон бо риояи тамоми талаботи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии "COVID-19" фаъолият намуда истодаанд, ки ин ҳам бошад, баҳри рафъи мушкилоти ҳуҷҷатгузорӣ ва сари вақт хизматрасонӣ намудан ба шаҳрвандон равона шудааст.
Дар ин замина, оид ба фаъолияти бахшҳои ХШБ қайд кардан ба маврид аст, ки яке аз бахшҳои асосии фаъолияти онро Шуъба оид бо корҳои шиносномавӣ ба зимма дорад.
Кормандони бахши мазкур баҳри иҷроиши дастуру супоришҳои роҳбарияти ВКД, саривақт бо шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намудани шаҳрвандон ва дигар уҳдадориҳои хизматие, ки ба самти фаъолият вобаста мебошанд, донишу малакаи касбии худро равона намуда, дар 11 моҳи сипаригардидаи соли ҷорӣ аз тарафи кормандони шуъбаи мазкур ва бахшҳои минтақавии он ба сокинони ҷумҳурӣ 619364 адад шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст. Албатта, ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта кам мебошад, аммо кормандон саъй доранд дар доираи қонунҳои амалкунанда ҳарчи бештар ва сари вақт шаҳрвандонро бо шиносномаи шаҳрвандӣ таъмин намоянд. Ҳамзамон, дар ин муддат, аз ҷониби кормандони бахшҳои мазкур дар миқёси ҷумҳурӣ 1548 маротиба амалиёти шиносномавӣ гузаронида шудааст. Дар натиҷаи ин чорабиниҳо, нисбати 92222 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки реҷаи шиносномавиро вайрон намудаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар ҳуҷҷатгузорӣ аз ҷониби шаҳрвандон, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шудааст.
Кормандони шуъбаи корҳои раводидӣ ва бақайдгирии ХШБ ва воҳидҳои поёнии он низ фаъолияти худро дуруст ба роҳ монда, дар давраи сипаригардидаи соли равон 14569 нафар шаҳрвандони хориҷӣ, ки ба ҷумҳурӣ бо корҳои шахсӣ, барои фаъолияти меҳнатӣ, тиҷоратӣ ва ё барои истиқомати доимиву донишомӯзӣ ворид шудаанд, ба қайд гирифта, инчунин муҳлати бақайдгирии 13603 нафари онҳо тамдид карда шудааст. Бояд қайд кард, ки дар ин муддати сипаригардидаи соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони шуъба аризаҳои 168154 нафар шаҳрвандон оид ба гирифтани шиносномаҳои умумишаҳрвандии хориҷии дорои маълумоти электронӣ қабул карда шуда, то ба имрӯз ба 152819 нафарашон шиноснома дода шудаст.
Дар баробари таҳлилу баррасии самти фаъолияти шуъбаҳои болозикр, ҳамчунин Шуъбаи шаҳрвандӣ ва кор бо гурезаҳо, Шуъбаи назорати шаҳвандони хориҷӣ, Бюрои суроғавӣ-маълумотдиҳӣ низ дар самти фаъолияти худ вобаста ба имкониятҳои ҷойдошта ба нишондодҳои назарраси хизматӣ ноил гардидаанд.

703

Бояд қайд кард, ки дар асоси дастуру супоришҳои роҳбарияти ВКД ва пешниҳодоти роҳбарияти ХШБ имрӯз тамоми шуъбаву воҳидҳои хадамот дар вилоятҳо ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ бо техникаву таҷҳизоти корбарӣ, маводҳои конселярӣ, шиору овезаҳои маълумотдиҳӣ, мизу курсиҳо барои қабули шаҳрвандон ва дигар лавозимоти хизматие, ки барои пешбурди самти фаъолият равона гардидааст, таъмин мебошанд.
Дар асоси дастуру супоришҳои бевоситаи Вазири корҳои дохилӣ ва иҷроиши нақша-чорабиниҳои тасдиқгардидаи ХШБ, роҳбарияти Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ пайваста ба бахшҳои шиносномавию бақайдгирии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сафар намуда, бо шароити хизмативу маишии кормандон аз наздик шинос мегардад. Зимни боздид аз шуъбаҳои мазкур бо кормандону шаҳрвандон суҳбату мулоқотҳо анҷом дода, бо шароити қабули шаҳрвандон, хизматрасонии кормандони бахшҳо, оид ба муроҷиати шаҳрвандон, истифодабарии лавҳаҳои иттилоотӣ оид ба нархномаҳои хизматрасонӣ, реҷаи корӣ, қабули шаҳрвандон, риояи қонунияту хушмуомилагӣ бо шаҳрвандон, телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ ва сардори хадамот бохабар гардида, барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дастуру супоришҳо дода мешавад.
Лозим ба ёдоварист, ки новобаста ба шароити пешомада дар соли равон ва пешбурди самти фаъолият, аз ҷониби кормандони Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ба 21 санади меъёрии ҳуқуқӣ, ки аз дигар вазорату идораҳо ворид шуданд, ташхиси ҳуқуқӣ гузаронида шуда, як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз ҷумла - лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйир ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2016, №207-7" таҳия карда шуда, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14.02 соли 2020 таҳти №103 ба имзо расонида шуд;
- лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Қоидаҳои ворид шудан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, будубош, баромадани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гузаштани транзитии онҳо тавассути ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон" таҳия карда шуда, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.03 соли 2020 таҳти №207 ба имзо расонида шуд;
- лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Қоидаҳои барасмиятдарорӣ ва додани шиносномаҳои хориҷии дорои ҳомили электронии иттилоот ва шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар таҳрири нав қабул карда шуда, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.05 соли 2020 таҳти №294 тасдиқ карда шуд.
Дар баробари ин, аз ҷониби кормандони дастгоҳи марказии ХШБ дар асоси дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилӣ 8 лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон , дастурамалҳои муштарак ва методии самти фаъолияти ХШБ аз қабили: - лоиҳаи Дастурамали муштараки ВКД ва ВКХ "Дар бораи Қоидаҳои барасмиятдарорӣ ва додани шиносномаҳои хориҷии дорои ҳомили электронии иттилоот ва шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон" таҳия карда шуда, аз санаи 04.12.с.2020, №750 б/з ба имзо расонида шуд; - лоиҳаи Дастури методӣ "Дар бораи Қоидаҳои ворид шудан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, будубош, баромадани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гузаштани транзитии онҳо тавассути ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон" таҳия карда шуда, аз санаи 20.12. с.2020, №775 б/з ба имзо расонида шуд. - лоиҳаи Дастури методӣ оид ба барасмиятдарории иҷозати зисти доимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, додани гувоҳномаи иқомат ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд" таҳия карда шуда, аз санаи 12.12.с.2020, № 760 б/з ба имзо расонида шуд.
Бояд қайд кард, ки роҳбарияти ХШБ дар асоси дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилӣ, пайваста бо собиқадорони ниҳод, гарчанде ба нафақа баромадаанд вохӯриҳо намуда аз ҳолу авҳоли онҳо бохабар мегарданд ва пайваста аз ҷониби ХШБ ба онҳо кумакҳои молиявӣ расонида мешавад. Собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ ҳамчун махзани тиллоии ниҳод ба шумор рафта, онҳо бо кормандони соҳа ҳамкории густурдаро ба роҳ мондаанд ва ҳамеша баҳри пешрафти ин ё он самти фаъолият тавсияву кӯмакҳои ҳуқуқии худро мерасонанд.
Роҳбарият ва ҳайати шахсии Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ баҳри пос доштани волоияти қонун, иҷрои саривақтии вазифаҳои ба дӯшдошта, ошкору пешгирии қонуншиканӣ ва ҳифзи оромиву осоиштагии Ватани азизамон камари ҳиммат баста, ҳамеша ба Савганди ёднамудаашон содиқ мебошанд.

705

Аз фурсати муносиб истифода бурда, тамоми кормандони Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ ва собиқадорони ниҳодро бо Рӯзи шиноснома табрику муборакбод гуфта, барояшон, пеш аз ҳама, саломатӣ, саодати рӯзгор, хонаободӣ ва дар ҷодаи фаъолияти хизматӣ муваффақиятҳо таманно менамоем.

Раҷаббек ИЛЁСОВ




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun3

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика