Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рӯзгоре барои ибрат

1319

Обидҷон Қосимов ҳангоми адои хизмат дар сохтори мақомоти корҳои дохилӣ рисолати касбии хешро ба шоистагӣ иҷро намудааст. Ин гуфтаҳо мулоҳизаи ҳампешагону дӯстон аст. Онҳо зиндагинома ва кору пайкори ӯро барои насли ҷавони имрӯзу ояндаи мақомоти милитсия сабақи роҳнамо ва намунаи ибрат мегӯянд. Ин гуна афроди содиқ ба савганд, ки аз худ мактаби бузурги инсондӯстиву ватанпарвариро гузошта, бо диловарию фидокорӣ номашон дар таърихи мақомоти корҳои дохилӣ сабт гаштааст кам нестанд. Полковники мустаъфии милитсия Қосимов Обидҷон Усмонович аз ҳамингуна нафарони бошараф, дӯстдори ватан ва фидоии касби хеш аст, ки дар баробари хизмати шоиста ва иҷрои қарзи фарзандӣ дар назди халқу миллат барои як зумра кормандони милитсия ҳаққи устодӣ дорад.
Мавсуф 4-уми декабри соли 1950 дар оилаи хизматчии давлатӣ ба дунё омадааст. Фазои ватандӯстии муҳити оила барои интихоби пайроҳаи зиндагӣ таъсири худро гузошт. Падари хонадон Усмонҷон Қосимов, ки дар вазифаҳои гуногуни роҳбарикунандаи партиявӣ кор мекард, ҳамеша расидан ба қадри Ватан, меҳнати ҳалол, донишомӯзӣ ва хушмуомилагиро ба фарзандон талқин мекард.
Баъди адои хизмати ду солаи ҳарбӣ О.Қосимов ба сафи милитсияи Тоҷикистони Шӯравӣ шомил шуда, зиёда аз 32 соли тақвимӣ фаъолияти бенуқсон кардааст. Асосан дар шуъбаву хадамотҳои оперативӣ бар зидди ҷинояткорон, ғосибони моликияти давлативу ҷамъиятӣ, афроди муфтхуру авбош, гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ муборизаи беамон бурда, ҳамчун муҳофизи адолат ба нафъи халқ хизмат намудааст. Дар мактаби милитсияи Тоҷикистони Шӯравӣ обутоб ёфта дар давраи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба камолоти хизматӣ мерасад. Қодир Хабилов, Темурҷон Раҳимбоев, Аҳмадалӣ Раҳмонов, Набиҷон Раупов, Ваҳоб Ҷалилов ва Сафар Кабировро устоди худ мешуморад. Маҳз аз ҳамин абармардони чашмикордон донишу малакаи оперативӣ андухтааст.
Ваколатдори оперативӣ, ваколатдори калони оперативӣ, муовини сардор оид ба корҳои оперативӣ, сардори Шуъба, сардори ШКД, муовини сардори РКД вазифаҳое мебошанд, ки дар солҳои гуногун О. Қосимов дар сохтори МКД кору фаъолият намуда, ҳам худ ҳамчун мутахассис обутоб ёфт ва ҳам зери роҳнамоии ӯ ҷавонон ба камол расиданд.
Зимни иҷрои вазифаи душвору пурмасъул ва дар шебу фарози зиндагӣ қаҳрамони мо на як бору ду бор пешпоӣ хӯрдааст. Аммо одати сабурӣ, пуртамкинӣ ва ба оянда хушбин будан ӯро пойбарҷо нигоҳ дошт. Дар самти фаъолияти хизматӣ ва идораи зимоми зиндагӣ барои фатҳи қуллаҳои баланд талош карда муваффақ шуда тавонист.
«Дар кадом вазифае, ки роҳбарияти мақомоти корҳои дохилӣ маро лоиқ донист кор кардам. Ман вазифаро не, балки маро интихоб ва ба вазифа таъин мекарданд», мегӯяд Обидҷон Қосимов.
Соли 1987 капитани милитсия О.Қосимов ба вазифаи сардори ШКД шаҳри Қайроққум (ҳозира шаҳри Гулистон) таъин мешавад. Дар соли 1985, баъди ҳодисаи табии заминҷунбӣ бо талафоти ҷониву молӣ, ки дар шаҳри мазкур ба вуқуъ пайваста буд, ҳайати шахсии шуъба бинои маъмурӣ надошт. Муваққатан дар вагон ва ҳуҷраҳои чубини фарсуда ва шароити хело нобоби хизматӣ фаъолият мебурд. Маҳз бо талошу давуғеҷи роҳбари навтаъин бинои сеошёна бо тарҳи замонавӣ сохта ба истифода дода шуд. Дар баробари утоқҳои барҳавои корӣ дигар иншоотҳои ёрирасони маишӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд, ки барои ҳайати шахсӣ дар самти иҷрои уҳдадории хизматӣ сабукӣ овард.
Шаҳри Қайроққум ҳамчун минтақаи истироҳатӣ дар он солҳо маъруфият дошт. Одамони гуногун ба «Баҳри тоҷик» барои истироҳату фароғат меомаданд. Милитсияро зарур буд тартиботи ҷамъиятиро ҳифз ва бехатарии сайёҳаткунандагонро таъмин намояд. Ҳайати шахсии шуъбаи милитсияи шаҳр таҳти роҳбарии Қосимов О.У. вазифаи касбии худро сарбаландона иҷро намуда дар пешгирӣ ва саривақт ошкор намудани ҷиноятҳои содиршуда ҳиссагузорӣ менамуданд.
Таҷрибаи бойи кориву роҳбарияшро ба инобат гирифта, роҳбарияти вақти Вазорати корҳои дохилӣ соли 1990 қаҳрамони моро ба вазифаи муовини сардори раёсати навтаъсиси корҳои дохилӣ дар минтақаи Кӯлоб таъин менамоянд. Ва то баргузории Иҷлосияи тақдирсоз яъне моҳи ноябри соли 1992 дар ин вазифа кору фаъолият менамояд.
Раёсати мазкур бо назардошти ҳамсарҳадии якчанд ноҳияҳои минтақаи ҷануби кишвар бо ҳамсоядавлати ноамн Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ташкил шуда буд. Аз ин хотир нафарони корозмӯдаро барои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва ҳалли муаммоҳои назди марзӣ барои кор дар дастгоҳи марказии РКД вилояти Кӯлоб ҷалб намуданд. Раёсати навташкилро Абдусаттор Раҷабов роҳбарӣ мекарданд, ки дар идомаи хизмат муовини Вазири корҳои дохилӣ ва рутбаи генералиро сазовор шуданд. Хизмати арзандаи ҷавононе, ки мактаби РКД вилояти Кӯлобро гузаштаанд дар барқарорсозии сохти Конститутсионӣ беназир аст. Баъзе аз ин родмардони Ватан зимни иҷрои уҳдадориҳои хизматӣ ҷони хешро ҳам қурбон кардаанд. Полковники мустаъфии милитсия Обидҷон Усмонов ифтихорманд аз он аст, ки дар ташкил ва ба маҷрои касбӣ ворид шудани Раёсати корҳои дохилии вилояти Кӯлоб саҳм гузоштааст. Зеро раёсати мазкур дар оянда бисёр кадрҳои болаёқатро тарбия намудааст, ки дар вазифаҳои роҳбарикунандаи ВКД ва дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ фаъолият кардаанд ё имрӯзҳо кор мекунанд.
О.Қосимов шоҳиди зиндаи ташкили Ҳокимияти қонунӣ дар Тоҷикистон соҳибистиқлол аст. Барои дар фазои амну осоишта баргузор шудани Иҷлосияи 16-уми тақдирсоз як гурӯҳ кормандони РКД вилояти Кӯлоб бо роҳбарии ӯ моҳи ноябри соли 1992 ба хизмат ба шаҳри Хуҷанд сафарбар шуда, дар якҷоягӣ бо ҳампешаҳо аз вилояти Ленинобод хизмати шабонарӯзӣ бурда ҳаёту саломатии вакилони мардумиро ҳифз кардаанд.
Тавре қайд намудем вазифаҳои гуногуни роҳбарикунандаро дар сохтори ВКД ба душ дошт. Соли 2006 аз вазифаи сардори ШКД шаҳри Қайроққум ба нафақа баромад. Бо назардошти хизматҳои арзанда ӯ ду маротиба пеш аз муҳлат сазовори рутбаи навбатӣ гардидааст. Ҳамзамон дар баробари медал, нишону орден, Ифтихорномаву Сипосномаҳои соҳавӣ ба мукофоти давлатии «Ордени Спитамен» сарфароз гардидааст.
Имрӯзҳо ду фарзанди Обидҷон Қосимов, полковники милитсия Илҳом Қосимов дар вазифаи сардори Шуъбаи ВКД дар шаҳри Хуҷанд ва подполковники милитсия Бобоҷон Қосимов дар вазифаи муовини сардор оид ба хизмат дар ШВКД шаҳри Конибодом идомадиҳандаи касби падар мебошанд.
Сулҳи комил ва амнияту субот дар ҷомеаи Тоҷикистон ба гуфти О.Қосимов пеш аз ҳама аз заҳмату талошҳои Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Э.Раҳмон сарчашма гирифта ва то андозае ба фаъолияти муназзаму бомароми сохторҳои давлатӣ, аз ҷумла милитсия вобастагӣ дорад. Ҳар куҷое, ки сулҳу осоиштагӣ танинандоз аст, ба пешрафту тараққиёти давлат мусоидат намуда шаҳрвандон зиндагии арзандаро соҳибӣ мекунанд.
Ғамхорӣ ва дастгириҳои доимӣ аз ҷониби роҳбарияти ВКД ба хусус Вазири муҳтарам генерал-полковники милитсия Раҳимзода Р.Ҳ. собиқадори соҳа О.Қосимов ва дигар ҳамсафони ӯро рӯҳбаланд менамояд. Тайи ҳар сафари хизматӣ ба минтақаи Суғд бохабар шудан аз ҳолу аҳволи собиқадорон нишонаи таваҷҷӯҳу ғамхорӣ ба собиқадорон аст.
Ҷойи Обид Қосимов барин шахсон дар ҷамъият ҳамеша аён аст ва доимо онҳо ҳамчун шахси даркорӣ мавқеъ доранд. Дар нафақа бошанд, ҳам ҳамчун узви фаъоли Шӯрои созмони собиқадорони назди Раёсати ВКД дар вилояти Суғд ба мақомот робитаи зич доранд. Дар чорабиниҳо ҳамчун меҳмони фахрӣ даъват шуда, баҳри пешравии кори милитсия, тарбияи насли ҷавони мақомот хизмати худро дареғ намедоранд, ки ин ҳама нишонаи содиқ ба касб будан аст.
Дар ҳафтодумин баҳори умр ба ин шахси нексиришт рӯзгори хуш, давлати пирӣ ва муҳимтар аз ҳама тани солимро таманно дорем. Бигзор то ҷовидон соябони сари фарзандон ва маслиҳатгари шогирдон бошанд.

Акбар Шарифӣ, майори милитсия,
Алиҷон Ҳайдаров, раиси Шӯрои собиқадорони РВКД дар вилоятиСуғд.




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun3

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика