Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳалокати қаҳрамононаи капитан Фаррух Иброҳимов

460Имрузҳо низ кам нестанд ҳолатҳое, ки одамон ҳаёти худро дар хатар гузошта ба дигарон кӯмак кунанд. Чунин диловарии бемислро капитан Иброҳимов Фаррух Фурқатович муовини командири баталиён оид ба техникаи қисми ҳарбии 3502 РҚД ВКД бар ивази ҷон анҷом дод. Номбурда ҳангоми қарор доштан дар рухсатии меҳнатӣ дар зодгоҳаш шаҳри Конибодом баъди бохабар гаштан аз ҳодисаи сухтор дар манзили истиқоматии ҳамдеҳааш Саодат Толибова воқеъ дар маҳаллаи Ҳавзи баланд бетараф наистода барои хомӯш кардани оташ ҳиссагузорӣ намуд. Афсари ҷавон, ки ҳамаги 27 сол дошт бо ғайрати том ба сухторхомӯшкунӣ машғул гашта дар иҳотаи оташ ҷароҳатҳои вазнини сухтаи бадан мебардорад. Ва бо бардошти 85 % сухтани аъзои бадан баъдан дар беморхона ба ҳалокат мерасад.

Ҳодисаи сухтор шоми 8-уми август сарзада ҳуҷраҳои истикоматӣ бо амвол дар масоҳати 90 метри мураббаъ ба коми оташ меравад. Инчунин хатари паҳншавии алангаи оташ ба дигар манзилҳои истиқомати ба вуҷуд омада қисми дарвозахонаи ҳамсоя низ сухта зарар дидааст.
Дар ин ҳодисаи сухтор дар баробари кормандони хадамоти давлатии оташнишонӣ ва дигар ҳаққу ҳамсояҳо капитан Фаррух Иброҳимов барои хомӯш кардани оташ талош намуда, бо мақсади наҷот додани моликияти соҳибхона ва пешгирии афзоиши зарар афсари ба савганди худ содиқи мақомоти корҳои дохилӣ ҷасурона қарзи шаҳрвандии худро иҷро карда ҷони худро дар хатар гузошт.
Оқибати сухтор барои оилаи Иброҳимовҳо бо аз даст додани фарзанд хело пурдарду ҷигарсуз бошад ҳам онҳо ифтихор доранд, ки чунин фарзанди солеҳ, қавииродаву поктинатро ба камол расонидаанд, ки хизмат ба халқу Ватанро пеша намуда дар ҷодаи интихоб намудааш то охирин нафас содиқ монд.
Афсари қушунҳои дохилӣ капитан Фаррух Иброҳимов баъди марг бо фармони Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро рутбааш ду зина боло бардошта шуда бо рутбаи подполковник қадршиносӣ гардид. Дар ҳақиқат барои насли ҷавони мақомот корнамоии ӯ мактаби зиндаи ҷасорат аст. Аз ин лиҳоз лавҳаи ёдгориашро дар саҳни қисми ҳарбие, ки фаъолият дошт насб карданд.

461

Иброхимов Фаррух Фурқатович 23.10.1992 дар шаҳри Конибодом таваллуд шуда дар оила фарзанди нахустин буд. Аз соли 2010 то соли 2015 дар Институти ҳарбии қушунҳои дохилии ВКД Федератсияи Россия дар шаҳри Перм таҳсил карда баъди хатм, фаъолияти хизматиашро дар қисми низомии 3501 РҚД ВКД воқеъ дар шаҳри Хуҷанд оғоз намудааст. Оиладор ва сохиби ду фарзанд мебошад. Мавсуф бори дигар собит намуд, ки дар замони мо ҳам ҷавонон барои нишон додани қаҳрамонӣ қодиранд.
Роҳбарият ва ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ ба аҳли оилаи Иброҳимовҳо сабри ҷамил хоста гуфтанианд, ки фарзанди онҳо сазовори ситоиш аст. Ва ҳамчун қаҳрамон ному насабаш дар таърихи милитсияи тоҷик сабт мегардад.
Акбар Шарифӣ
капитани милитсия




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика