Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суғд: Аёдати иштирокчии 95-солаи ҶБВ

151

Ҳарчанд солҳо гузаштааст даҳшати хонумонсӯзи Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз ёдҳо намеравад. Аёдату дидорбинии иштирокчиёни ҶБВ, нафарони дар ақибгоҳ хизмат намуда дар арафаи Рӯзи Ғалаба анъана гардида, гувоҳӣ он аст, ки хизмати диловаронаи иштирокчиёни ҶБВ ба нафъи Ватан ҳеҷ гоҳ фаромӯш намешавад.
Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ собиқадори 95-солаи мақомоти корҳои дохилӣ Қаюмов Абдувалӣ сокини ҷамоати деҳоти Хонободи шаҳри Исфара аз зумраи он сарбозони музаффарест, ки баъди ҷанг фаъолияти хизматиаш дар сохтори ВКД гузаштааст.
Иштирокчии ҷангро дар арафаи Рӯзи Ғалаба бо дастури Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро роҳбарияти Раёсати ВКД дар вилояти Суғд дар манзили истиқоматиаш аёдат намуда кӯмаки моддӣ расониданд.
Муовини аввали сардори Раёсати мазкур полковники милитсия Музаффар Ализода, Абдувалӣ Қаюмовро ба Иди ғалаба табрик намуда, саҳми ӯ ва ҳамяроқонашро дар торумори душман ва хомӯш кардани оташи ҷанги хонумонсӯз намунаи олии ватандӯстӣ ва мактаби зиндаи тарбияи насли ҷавон дар ҳамин рӯҳия унвон кард.
Иштирокчии ҶБВ аз ёддоштҳояш аз ҷабҳаи ҷанг, ки аз синни 16 солагӣ вориди он гардида буд, фаъолияти 32 сола дар сафи мақомоти милитсия, собиқаи меҳнатии баъди нафақа ба меҳмонон нақл намуд. Мавсуф шоҳиди зиндаи набардҳо бар зидди қувваҳои гитлерӣ дар хоки Россия, Украина, Беларусия, Полша ва Чехословакия аст. Имрӯзҳо дар сохтори мақомоти милитсияи вилояти Суғд аз иштирокчиёни ҶБВ танҳо Абдувалӣ Қаюмов дар қайди ҳаёт ҳаст, ки таҳти ғамхории Ҳукумати вилоят ва мақомоти корҳои дохилӣ қарор дорад.

152153

Ҷоиз ба таъкид аст, ки онҳое, ки сина сипар намуда бар зидди душман ҷангидаанд ва аз болои ӯ ғалаба кардаву инсониятро аз зулму ситам озод ва зиндагии осоиштаро дар курраи олам таъмин намуданд, дар дилу дидаи мардум ҷой гирифта корномаи онҳо ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад шуд.
Акбар Шарифов, капитани милитсия




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика