Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Саҳми халқи тоҷик дар Ғалабаи Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945

250Имсол ба Ғалабаи бузургу оламшумули халқи собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ бар фашизми Германияи гитлерӣ 74 сол пур шуд. Ин ғалабаи Армияи Шӯравӣ, ки баҳри озодии башарият аз зулми фашизм содир карда шудааст, дар хотираҳо абадӣ хоҳад монд. Ғалаба бар фашизм бар ивази фидокорию ҷонбозиҳои садҳо миллион сокинони сайёра дар набардҳои хунину бераҳмонаи солҳои 1941-1945 ба даст омадааст ва он то ба имрӯз ҳамчун Ҷанги Бузурги Ватанӣ ном бурда мешавад.

Шоир Абулқосим Лоҳутӣ роҷеъ ба Ҷанги Бузурги Ватанӣ чунин навишта буд:
Ин ҷангро дар таърих ҳамто набуд,
Ҷанги хунину бераҳмона буд.
Солҳо мегузаранд, аммо ин Ғалаба, он корнамоию ҷонбозиҳо ва қаҳромониҳои бобоёну падарон доимо дар лавҳаи хотираҳо абадӣ хоҳад монд, «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ ҷиз фаромӯш нашудааст».
Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, бар зиди армияи тавоно ва сар то по мусаллаҳи фашистони гитлерӣ тавассути иродаю матонат ва фидокорию садоқатмандӣ, ҷонбозию қаҳрамониҳо ва дӯстиву рафоқати зиёда аз сад миллату халқиятҳои собиқ давлати Иттиҳоди Шӯравӣ ба даст омада буд.
Мувофиқи маълумотҳои дар бойгониҳо маҳфуз буда, дар набардҳои ҷанг зиёда аз 260 ҳазор нафар Тоҷикистониён дар қатори дигар даъватшудагони собиқ ҷумҳуриҳои шӯравӣ иштирок намудаанд.
Ҳафтоду чаҳор сол дар назди таърих чандон муддати тӯлонӣ нест. Вале, муддатҳои тӯлонӣ ҳам ҳарчанд сипарӣ гарданд, корнамоию ҷонбозиҳо ва қаҳрамониҳои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад шуд. Наслҳои имрӯзу фардо бояд ҳамеша ин қаҳрамониҳои беназирро қадрдонӣ кунанд ва дар мисоли онҳо насли ояндаи худро дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ тарбия намоянд.
Хабари ҳуҷуми аҳдшиканонаи Германияи фашистӣ барқвор ба саросари собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, аз он ҷумла ба Тоҷикистон паҳн шуда буд.
Бо шунидани ин хабари шуми фалокатбор дар тамоми шаҳру ноҳияҳо ва шаҳраку деҳот гирдиҳамоиҳо барпо мешуданд. Дар гирдиҳамоиҳо тамоми халқ қаҳру ғазаби бепоёни худро изҳор намуда, ба фашистон лаънат мехонданд. Ҳама ба як овоз даъват мекарданд, ки сафарбаркунии тамоми қувваҳо ба таври таъҷилӣ ташкил карда шавад то, ки душман тезтар торумор гардад.
Ҳазорон фарзандони Тоҷикистон дар рӯзҳои аввали ҷанг ба Комиссариатҳои ҳарбӣ рафта, дар аризаҳои худ изҳори ихтиёрона ба фронт рафтанро мекарданд.
Дар он рӯзҳо нависандаи маҳбуб ва фарзанди фарзонаи миллат Фотеҳ Ниёзӣ дар аризааш навишта аст: «Маълум мекунам, ки хоҳши ихтиёрӣ ба сафи Армияи Сурх рафтан дорам ва то қатраи охирини хунам бар зидди фашистони ғоратгар меҷангам. Ман тайёрам, ки ҳамагуна супоришҳои Ватанро ба ҷо биёрам. Хоҳиш мекунам, ки пурсиши ман рад карда нашавад ва ман ихтиёран ба сафи ихтиёриён ба қайд гирифта шавам».
Бояд қайд кард, ки ин хоҳиши нависандаи ҷанговару ватандӯст аз ҳиссиёти баланди садоқатмандӣ ва вафодорию тайёр будан ба ҷонфидоӣ барои халқу Ватан аз сидқи дил гуфта шуда буд. Ва он сарнавишти зиндагиномаи нависандаи маҳбубро далоил шуд. Ӯ дар тамоми рафти ҷанг бо яроқу қалам душманони фашистиро мекӯфт. Худ ҷанговари шуҷоъ буд ва корнамоиҳои ҷангии фарзандони далеру қаҳрамони Ватанро аз майдони муҳориба бо фашистон дарҷи рӯзномаҳои ҷангӣ мекард. Ҷанговаронро рӯҳбаланди муборизаи зидди душман месохт. Нависандаи ҷанговар Фотеҳ Ниёзӣ буд, ки маҷмӯи ҳикояҳои ҷанггиашро бо номи «Интиқоми тоҷикон» навишта буд. Асарҳои баъдиҷангии Фотеҳ Ниёзӣ: «Одамони ҷовид», романи «Ҳар беша гумон мабар, ки холист», «Шӯриши Восеъ» саршори ғояҳои ватандӯстӣ буда, имрӯз ва дар оянда ҳам онҳо намунаи иборатомӯзи наслҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд.
Дар он давра на танҳо мардон, балки садҳо нафар занону духтарон ҳам дар бораи ба фронт фиристонданашон изҳори хоҳиш мекарданд. Масалан аз 700 адад аризаи дар рӯзи якуми ҷанг дар Комиссариати ҳарбии ноҳияи Октябри (ҳоло И.Сомонӣ) шаҳри Душанбе ба қайд гирифта шуда, 200 адади он аз номи занону духтарон буданд.
Корномаи ватандӯсти дигари тоҷик Саидқул Турдиев намунаи ибрати наслҳо буда, дар таърихи халқу миллат ҷовидона сабти заррин шудааст. Дар саршавии ҷанг ӯ мартабаи баланди замонаш депутати Совети Олӣ, ҷонишини Комиссариати комитети замин буд. Аз шахсони баландмартаба ӯ яке аз аввалинҳо буд, ки хоҳиши ихтиёран ба фронт рафтан карда буд. Саидқул Турдиев дар мубориза бо фашизм корнамоиҳои зиёд нишон дода, соли 1944 ҳангоми убури дарёи Днепр қаҳрамонона ҳалок мегардад. Баъди маргаш ӯ ба унвони олии «Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ» мушарраф гардонида шудааст.
Мисолҳои дар боло оварда шуда далел бар онанд, ки миллионҳо одамони замони шуравӣ Иттиҳоди Шӯравиро ватани азизи худ хонда, бо камоли садоқату боварӣ ба ҳимояи хоки он ба по хеста буданд.
Аз пойтахти Тоҷикистон то маҳаллаҳои дурдасти кӯҳсори ҷумҳурӣ ҳамаро рӯҳияи интиқомгирӣ фаро гирифта буд. Шабу рӯз дар ҷамоатҳо, деҳаҳои калон, марказҳои ноҳияҳо, дар Комиссариатҳои ҳарбӣ маъракаҳои бақайдгирӣ ба роҳ монда шуда буданд. Ва қариб ҳар ҳафта баталёнҳои даъватшудагони ихтиёрӣ ба пойтахти ҷумҳурӣ шаҳри Сталинобод (ҳоло шаҳри Душанбе) фиристода мешуданд. Аз он ҷо бошад, онҳо ба фронт мерафтанд.
То моҳи январи соли 1943 Комиссариатҳои ҳарбии Сталинобод 3722 нафар, Кӯлоб 343 нафар, Ленинобод 2400 нафар, Ғарм 75 нафар, ҷамъ дар миқёси ҷумҳурӣ 7215 нафар ихтиёриён ба ҷанг сафарбар карда шуда буданд. Дар ин шумора намояндагони халқу миллатҳои гуногуни Тоҷикистон шомил буданд.
Боиси тазаккур аст, ки тарғиботу ташвиқот байни мардум дар рӯҳияи садоқату ватандӯстӣ ва муборизаи беамон бо душманони Ватан он замон дар сатҳи баланд ба роҳ монда шуда буд ва он дар ташкилу сафарбаркунии қувваву воситаҳои зарурӣ ба фронт аҳмияти калон дошт. Дар афкору ақидаи мардум ҳиссиёти баланди патриотӣ ва амиқи маънавӣ, ягонагиву ватандӯстӣ чунон пурзур буд, ки ҳар гӯшаву канори Иттиҳоди Шӯравӣ барои ҳама Ватан дониста мешуд. Намунаи онро дар мактуби Тоҷикистониҳо ба сокинони шаҳри Москва, дар лаҳзаҳое, ки соли 1941 фашистон дар масофаи хеле наздик ба пойтахти Иттиҳоди Шӯравӣ қарор доштанд, баръало дидан мумкин аст. Дар мактуби санаи 19 октиябри соли 1941 аз шаҳри Сталинобод ба сокинони Москва фиристода шуда, ки фикру зикри тамоми меҳнаткашони Тоҷикистонро ифода менамуд, чунин омадааст: «Москвагиҳои азиз! Дар ин рӯзҳои пуртаҳлукаи муборизаи даст ба гиребоншавӣ бо роҳзанони фашистӣ, мо бо шумо ҳастем.
Мо тамоми корро мекунем, ки замини Москваро ба қабристони фашистони ваҳшӣ табдил диҳем. Душман бояд ҳатман торумор шавад!».
Тоҷикистониҳо то охири ҷанг, то ба рӯзи Ғалаба аз болои фашизм ба қавлашон содиқ монданд. Дар баробари сафарбарии захираҳои инсонӣ ҳамчун омили асосӣ, инчунин ба ёрии фронт тамоми захираҳои иқтисодӣ ва моддию техникӣ низ сафарбар карда мешуданд. Барои Тоҷикистони саноаташ суст инкишоф ёфта, бешубҳа ин кори осон набуд. Лозим буд, ки заминҳои кишти пахтаю ғалла ва дигар зироатҳои ғалладонагӣ барои эҳтиёҷоти фронт васеъ карда шавад. Бо вуҷуди норасоию эҳтиёҷмандӣ, тибқи маълумотҳои дар бойгониҳо махфуз буда, хануз дар ҳафтаҳои аввали саршавии Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба ёрдами фронт 8874 автомашина, 115 адад тракторҳо, ки ба хоҷагии халқ басо зарур буданд, 19326 асп, 1791 адад ароба ва дигар намудҳои техникаи мавҷуд буда аз Тоҷикистон фиристода шудаанд. Дар баробари ин, бисёр қӯшунҳо, қисмҳои ҳарбӣ, гурӯҳҳои махсуси ҷанггӣ дар марказҳои ҳарбии Тоҷикистон ташкил шудаву таълим гирифта, баъдан ба фронт, ба майдонҳои ҳарбу зарби ҷанг фиристода мешуданд. Вобаста ба вазъияти ҳарбӣ - сиёсӣ ва талаботҳои ҷанг бо супориши Комиссариати Халқии Мудофиаи Иттиҳоди Шӯравӣ аз 27 ноябри соли 1941 дар қаламрави Тоҷикистон барои ташкили қисмҳо ва қӯшунҳои ҳарбии миллӣ иҷозат дода шуда буд. Ба сафи ин қисмҳо беҳтарин фарзандони Ватан интихоб ва дохил карда мешуданд. Ҳамин тариқ, дар давоми моҳи декабри соли 1941 ва марти соли 1942 дивизияи 104-уми кавалерии тирандоз ва 88-уму 99-уми бригадаҳои тирандоз ташил ёфта буданд. Баталёни инжинерии дар аэродроми Ленинобод ташкилёфта низ, дар майдонҳои ҷангӣ корнамоиҳои зиёд нишон дода, то ба пойтахти Германияи фашистӣ шаҳри Берлин рафта расида буданд.
Ба фронт сафарбар кардани даҳҳо ҳазор одамон ва ба камшудани қувваи корӣ нигоҳ накарда, меҳнаткашони Тоҷикистон кӯмаку ёриро ба фронт ҳамоно ҳамаҷониба пурзӯр менамуданд. Ташабускорони пешсафи ёрирасон ба фронт ҷавонон буданд. Ҷавонон ҳамчун қувваи бузург ва захираи тавоно нишон медоданд, ки онҳо барои давом додани кори падарону модарон, бародарону хоҳарони худ содиқанд. Ба шароитҳои ниҳоят вазнини корӣ нигоҳ накарда, меҳнаткашон тамоми қувваи худро ба он равона намуда буданд, ки қатор-қатор вагонҳои пурбор шабу рӯз аз Тоҷикистон ба сӯи фронт дар ҳаракат бошанд. Либосҳои гарму пойафзоли чармин, ғаллаю озӯқаворӣ, маҳсулоти ширию гӯштӣ, меваю сабзавот, абрешим, металҳои рангаву нодир, маъдан, таҷҳизотҳои гуногуни таъиноти ҳарбидошта ва дигар маводу ашёҳои зарурӣ барои таъминоти Армияи Советӣ фиристонда мешуданд.
Ҷанги дуюми ҷаҳониро таърихшиносон барҳақ вазнинтарин ва мушкилтарин имтиҳони инсоният дар асри бистум донистаанд. Дар он беш аз 70 давлати хурду бузург иштирок карда, набардҳои хунин ва амалиётҳои ҷангӣ дар ҳудуди 40 давлат сурат гирифтанд. Ва талафоти умумии инсоният ба 55 миллион нафар расид, ки тақрибан 30 миллиони онҳо дар набардҳои мудҳиш ҳалок гардиданд. Хароҷоти ҳарбӣ ва зарари умумии ҷанг 4,5 триллион доллари амрикоиро ташкил медод.
Мо имрӯз ҳақ дорем бо як ҷаҳон ифтихору сарбаландӣ иброз намоем, ки фарзандони шарафманди Тоҷикистон низ беш аз 260 ҳазор нафар дар ҷабҳаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок карда, дар ин Ғалабаи Бузург саҳм гирифтаанд. Барои қаҳрамониҳои бемисл ва шуҷоату мардонагӣ зиёда аз 60 нафар бо унвони олими Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ,15 нафар бо се дараҷаи ордени «Шараф» ва даҳҳо ҳазори дигар бо ордену медалҳои ҷангӣ сарфароз гардидаанд.
Кормандони Хадамоти давлатии оташнишонии ҷумҳурӣ низ дар сафи дигарон ба ҷабҳаи ҷанг рафта, дар мубориза бар зидди фашизми истилогар саҳми босазо гузоштаанд. Бар замми миқдори зиёди ордену медалҳо ду нафар оташнишонон: Ҳоваҷӣ Магомед Мирзоев ва Михаил Иванович Новосёлтсев ба гирифтани унвони баланди «Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ» мушарраф гардонида шуданд. Замоне, ки мардҳо бар зидди фашистон меҷангиданд, занҳо дар Хадамоти оташнишонӣ сафи онҳоро пур намуда буданд. Ба ғайр аз ин, онҳо дар сохтмони канали Ҳисору нерӯгоҳи барқи обии Варзоб ва чандин сохтмонҳои дигар саҳми худро гузошта, борҳо бо Байрақи Сурхи сайёри Комитети иҷроия ва Кумитаи Ҳизби шаҳри Душанбе қадр карда шудаанд.
Дар оғози ҷанг дар ҷумҳурӣ 20 заводи саноатӣ, 273 корхонаи калону хурд, даҳҳо объектҳои коркарди маъдан сохта шуданд. Танҳо дар солҳои 1941-1943 дар ҷумҳурӣ фабрикаи дӯзандагию трикотажии Ленинобод, заводҳои равғанкашӣ дар ноҳияҳои Шаҳритӯс ва Фархор, фабрикаи ресандагӣ дар Конибодом, комбинати матоъҳои пахтагини пойтахт, комбинати «Огреупоругол» дар Зиддӣ сохта ба истифода дода шуд. Кормандони илми ҷумҳурӣ низ фаъолияти илмии худро ба иҷрои вазифаҳои мудофиа, аз ҷумла ҷустуҷӯи манбаъхои фоиданоки мавриди ниёзи саноати ҳарбии мамлакат, дарёфти роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ, самаранокии чорводорӣ ва ғайра равона карда буданд.
Шоиру нависандагони тоҷик Ҳабиб Юсуфӣ, Ҳалим Карим, Лутфулло Бузургзода, Абдушукур Пирммуҳамадзода ва гайраҳо ҳам бо силоҳ ва ҳам бо қалам зидди душман мубориза бурданд. Устод Айнӣ бо мақолаҳои публитсистии худ нақшҳои зишти фашизмро ошкор сохта, дар мисоли қаҳрамонони халқи тоҷик эҳсоси ватандӯстӣ ва озодихоҳии мардумро бедор мекард.
Мо, тоҷикон, аз таҷрибаи талхи таърихии оғози солҳои 90-уми асри гузашта ба хулосае омадаем, ки сулҳу оромӣ ва суботи ҷомеа алтернатива надорад. Қимматтарин сабақе, ки аз ин воқеаҳо бардоштаем, зарурати таъмини сулҳу ваҳдат ва ризояти миллӣ мебошанд.
Мо, созандагони ҷомеаи нав дар марҳалаи бунёдкорӣ ва обод сохтани сарзамини қадимаи худ бояд аз падарони сарбаланди хеш ва собиқадорони ҷангу меҳнат иборат гирем. Зеро онҳо баробари ҳифзи Ватан дар ободонии сарзамини аҷдодӣ заҳматҳои зиёд кашидаанд.
Кароматулло Абдуллоев
СХДО ВКД ҶТ




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика