Ба Вазири корҳои дохилии
Ҷумҳурии Тоҷикистон, д.и.ҳ.,
генерал-полковники милитсия
Раҳимзода Рамазон Ҳамро
аз номи сокинони ноҳияи
Фирдавсии шаҳри Душанбе,
Кӯчаи Н. Қарабоев, хонаи 67
Муҳтарам Рамазон Ҳамро!
Аҳолии ҷумҳурӣ Шуморо ҳамчун шахси ғамхор ва дилсӯзи миллат мешиносанд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шумо барин фарзандони қавиирода, поквиҷдон ва лаёқатманд ҳамеша такя менамояд.
Дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки нисбат ба ҷавонони мамлакат равона шудааст, бо ташаббуси Шумо дар соли 2018 як майдончаи варзишӣ сохта барои истифодабарӣ ба сокинони пойтахти ҷумҳурӣ тақдим карда шуд.
Мо, сокинони ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, ба Шумо миннатдории хешро бобати сохта ва ба истифода додани майдончаи варзишии универсиалӣ иброз менамоем. Майдончаи варзишии универсалӣ иброз менамоем. Майдончаи варзишӣ дорои 30 ҷойи нишаст, ду айвонча бо фарогири 40 ҷойи нишаст ва майдончаҳо барои бозиҳои футбол, волейбол ва баскетбол пешбинӣ шуда, дар он барои истироҳат ва болидарӯҳии мо шаҳрвандон шароити хубу созгор фароҳам оварда шудааст.
Мехоҳем аз номи бошандагони ноҳия сидқан ба Шумо ташаккур ва миннатдориро хешро изҳор намоем.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>