Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрӣ бо собиқадорони милитсия дар ноҳияи Тоҷикобод

417

Имрӯз (26.04.с.2018), дар толори маҷлисгоҳи ШВКД дар ноҳияи Тоҷикобод сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар минтақа ва ноҳияи Рашт полковники милитсия Азизулозода Сафиало Азизуло бо кормандон ва собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ вохӯрӣ доир намуд.

Дар вохӯрӣ сардори Раёсати мазкур полковники милитсия Азизулозода С.А. аз ҳолу аҳвол ва зиндагии нафақахӯрон пурсон шуда, дар давоми суҳбат ба саволҳои онҳо посухҳои мушаххас дода, инчунин ба арзу дархости собиқадорон таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Оид ба муроҷиати собиқадорон барои кӯмак намудани онҳо бо маводи сӯзишворӣ – ангиштсанг зикр гардид, ки рӯзҳои наздик ин масъала ҳалли худро хоҳад ёфт.

418

Дар идомаи вохӯрӣ сардори РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт полковники милитсия Азизулозода С.А. изҳор дошт, ки роҳбарияти Ҳукумату давлат ва Вазорати корҳои дохилӣ нисбати собиқадорон пайваста таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, ба онҳо кӯмаки моддию молӣ мерасонанд.
Ҳамчунин дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро зимни сафари корӣ ба ноҳияи Рашт ба ҳайати шахсии ШВКД дар ноҳияи Тоҷикобод расонида шуд.
Гул Маҳбуба, подполковники милитсия.




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика