Дар Шуъбаи 2-юми ВКД дар ноҳияи Рӯдакӣ вохӯрии раиси Созмони собиқадорони ВКД генерал-майори мустаъфии милитсия Ҷурахонзода Саид Қаюм бо ҳайати шахсии ин Шуъба баргузор гардид, ки дар он инчунин нозири калони Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД подполковники милитсия Соҳибназар Маҳмуд Сафаралӣ ва раиси Шӯрои Созмони собиқадорони шуъбаи мазкур майори мустафии милитсия Гулнисо Раҳимова иштирок намуданд.
Вохӯриро бо сухани ифтитоҳӣ сардори Шуъбаи 2-юми ВКД дар ноҳияи Рӯдакӣ полковники милитсия Давлатзода Абдусамад Ҳаким оғоз намуда, барои баргузории вохӯрии судманди собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ, ки пайваста бо ҳайати шахсии ин шуъба доир мегардад, изҳори сипос намуда, ин амалро иқдоми нек арзёбӣ кард. Ҳамчунин, мавсуф зикр сохт, аз тарафи Шуъба ба собиқадорон дар арафаи ҷашну идҳои миллӣ кӯмакҳои молию пулӣ расонида мешавад ва кормандони милитсия бо собиқадорон робитаи наздик доранд.
Сипас раиси Созмони собиқадорон генерал-майори мустаъфии милитсия Ҷурахонзода Саид Қаюм доир ба фаъолияти Созмони собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ маълумот дода, афзуд, ки имрӯз дар ВКД зиёда аз 14300 нафар собиқадорон ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин шумора 68 нафарашон дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ истиқомат менамоянд, ки аз ин ҳисоб 11 нафарашон дар қайди ин шуъбаанд.
Собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ ҳамеша дастгирӣ ёфта, дар мадди таваҷҷуҳи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро қарор доранд ва пайваста аз ҷониби роҳбарият бо туҳфаҳо қадрдонӣ карда мешаванд.
Дар идомаи суханронӣ доир ба кушодашавии ҷиноятҳо аз тарафи собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ изҳори андеша карда шуда, аз кормандони ҷавони милитсия талаб гардид, ки робитаи наздикро бо собиқадорони милитсия дар самти фаъолияти корӣ баҳри кушодани ҷиноятҳо ба роҳ монанд.
Дар фарҷом атрофи фаъолияти шабонарӯзии кормандони милитсия баҳри ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳимояи ҳуқуқҳои шаҳрвандон гуфта шуд, ки бояд кормандони милитсия дар баробари фаъолияти худ, пеш аз ҳама, муоширату муносибати некро бо аҳолӣ ба роҳ монанд ва дар симои милитсия бояд ҳимоятгари шаҳрвандон таҷассум гардад.
Тоҷиддин ЛАТИПОВ
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>