Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тӯҳфаҳои наврӯзӣ ба ниёзмандону собиқадорони милитсия

294

Ҳар як ҷашн ба худ шукӯҳу шаҳомат ва суннату анъанаҳои хоса дорад. Ҷашни Наврӯз, ки бо талошу заҳматҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми ҷаҳонӣ гирифт, маҳз бо анъанаҳои хоси худ мақбули оламиён гардидааст.

Ҷашни Назрӯзро аз қадимулайём мардумони ориёинажод аз ҷумла тоҷикон таҷлил намуда, ба анъанаву суннатҳои он арҷгузорӣ мекарданд.

295

Яке аз рукнҳои хуби наврӯзӣ ин аёдати пиронсолону барҷомондагон ва дасти кӯмак дароз намудан ба нафарони муҳтоҷу бенавоён мебошад, ки ин падидаи наҷиб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон роиҷ буда, дар рӯзҳои иду ҷашнҳои умумимиллӣ аз вазъи саломатӣ, шароити зист ва сатҳи рӯзгори пиронсолон, махсусан иштирокчиёни ҷангу собиқадорони меҳнат дидан намуда, бо кӯмакҳои худ табъи онҳоро шод менамоянд.
Дар мақомоти корҳои дохилӣ низ ин анъана роҳандозӣ гардида, дар арафаи тамоми ҷашну маросимҳо, аз ҳолу аҳволи собиқадорони милитсия дидан намуда, ба онҳо туҳфаҳои пуливу молӣ супорида мешавад.
Махсусан дар арафаи иди Наврӯз, ки айёми шукуфоӣ ва фасли рӯйиданҳост бо дастовези идона хотири кормандони собиқадори милитсия ва оилаҳои кормандоне, ки ҳангоми адои вазифа фавтидаанд, шод карда мешавад.
Имсол низ санаи 22-юми марти соли равон дар доираи таҷлили шоистаи ҷашни Наврӯз, роҳбарияти Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ба аёдати собиқадорони ҷангу меҳнат рафта, аз номи Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба онҳо кӯмакҳои ғизоӣ, аз қабили орду равған ва дигар анвои хӯрокаро расониданд.
Дар ин замина кормандони милитсияи пойтахт ба аёдати собиқадори милитсия ва ҳамзамон иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Қадимов Давлатшоҳ рафта, ӯро ба 92-юмин баҳори умраш табрик ва ба номбурда аз номи роҳбарияти давлату ҳукумат ва мақомоти корҳои дохилӣ кумакҳои моддӣ расонида шуд.
Зимни мулоқот иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз рӯзҳои сахту мудҳиши айёми ҷанг ёдоварӣ намуда, таъкид бар он дошт, ки имрӯз бо сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои сулҳу осоиштагӣ ҳукмфармост. Ҳар як шаҳрвандро мебояд, ки ба қадру қиммати ин неъмати бебаҳо расида, ҳамеша баҳри пойдории он кӯшиш ба харҷ диҳад.

296

Қадимов Давлатшоҳ, ки собиқаи кории тулонӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ дорад, аз ин иқдоми роҳбарияти Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе изҳори хушнудӣ намуд.
Кормандони милитсияи пойтахт ҳамчунин ба аёдати дигар иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ - Сангов Раҷаби 90-сола рафта, аз ҳолу аҳволи ӯ низ дадан намуда, кӯмакҳои хешро расониданд.
Ҳамин тариқ дар доираи иқдоми мазкур ба 24-оилаҳои бесаробонмондаи кормандони милитсия, ки ҳангоми адои хизмат фавтидаанд, 14-нафар кормандони маъюби мақомоти корҳои дохилӣ ва 10-нафар собиқадорони милитсия, инчунин 2-нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ кӯмакҳои яквақтаина расонида шуд.
Собиқадорони ҷангу меҳнат дар навбати худ аз дастгирию ғамхориҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорию хушнудӣ намуданд.
Мавриди зикр аст, ки анҷом додани чунин амали хайр бори аввал набуда, Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе пайваста аз ҳоли собиқадорони худ бохабар гардида, дар доираи имкониятҳои мавҷуда дар рӯзҳои иду ҷашнҳои миллӣ кӯмаки моддии хешро ба собиқадорон ва аҳли оилаи онҳо мерасонад.
Шукуров Сироҷиддин, нозири гурӯҳи ахборотии РВКД дар ш.Душанбе, лейтенанти калони милитсия.




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика