Иди Наврӯз яке аз ҷашнҳои бостонии мардуми тоҷик ба ҳисоб рафта, чун анъана одамони касбу кор ва синну солашон гуногунро муттаҳид намудааст. Одамон кинаву адоват, кибру ғурури худро дар канор гузошта, дасти оштию дӯстиро ба ҳам дароз мекунанд, ки ин яке аз арзишҳои муҳими Иди муқаддасу дӯстдошаи мардуми мо тоҷикон мебошад.
Яке аз дигар хусусиятҳои Наврӯз ин расму суннат, фарҳанги бою пурғановати он ба шумор меравад.
Дар толори РВКД дар ВМКБ бо иштироки сардори РВКД дар ВМКБ полковники милитсия Бухоризода Мансур Ғоиб бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз бо собиқадорони ВМКБ вохӯрии судманд баргузор гардид.
Сардори РВКД дар ВМКБ полковники милитсия Бухоризода Мансур Ғоиб собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ, тамоми кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва мардуми ҷумҳуриямонро ба муносибати Иди байналмилалии Наврӯз аз самими қалб табрику таҳният намуда, қайд кард, ки чанд даҳсола пеш Наврӯз қариб ба гӯшаи фаромӯшӣ гузошта шуд, одамон пинҳонӣ онро дар хонаҳои худ таҷлил мекарданду маҳз дар замони истиқлолият ба Наврӯз умри дубора бахшида шуд.
Наврӯз, яке аз падидаҳои равшантарини фарҳанги қадимаи халқҳои ориёинажод мебошад, гуфта шуд дар суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо иқдоми Сарвари давлат Иди Наврӯз ба Иди байналмилалӣ табдил дода шуд.
Сардори РВКД дар ВМКБ полковники милитсия Бухоризода Мансур Ғоиб аз номи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба муносибати Иди байналмилалии Наврӯз ҳайати шахсии Раёсат, ШВКД-ҳои шаҳру ноҳияҳо ва собиқадорони мақомоти корҳои дохилии вилоятро аз самими қалб табрику муборакбод намуд.
Дар вохӯрӣ бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз собиқадорони мақомоти корҳои дохилии вилоят баромад намудаанд.
Собиқадори мақомоти корҳои дохилӣ Шукрулло Амадбеков роҷеъ ба Наврӯз арз дошт, ки Иди байналмилалии Наврӯз ҳамчун ҷашни суннатию бостонӣ ва миллии мардуми тоҷикон буда, аз замонҳои хеле қадим доман паҳн намуда, озодандешию созандагӣ, дӯстию меҳрубонӣ ва таҳаммулпазириро бо ҳам овардааст.
Дар фарҷоми вохӯрӣ бахшида ба Иди байналмилалии «Наврӯз»-и Аҷам собиқадори мақомоти корҳои дохилӣ Фаромуз Фаромузов барои ҳамкории ҳамешагӣ бо РВКД дар ВМКБ, минбаъд ҳам барои расонидани ёрии амалии худ ба кормандони ҷавони милитсия, ҳамзамон барои пешгирӣ ва муборизаи беамон бо ҷинояткорӣ, баҳри ҳифзи сулҳу суботи кишвар ва волоияти қонун ибрози ақида намуд.
Ба собиқадорони мақомоти корҳои дохилии вилоят дар рӯзи Иди байналмилалии Наврӯз дар РВКД ВМКБ дастархони идона ороста шуд.
Далер Чоршанбиев, капитани милитсия.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>