Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри мустаҳакам намудани қобилияти мудофиавии кишвар, баланд бардоштани сатҳи омодагии ҳарбӣ, беҳтар гардонидани шароитҳои моддиву техникӣ ва вазъи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ пайваста ғамхорӣ менамояд. Санаи 23-юми феврали соли равон аз бунёди Артиши миллӣ, ки он зодаи истиқлолияти давлатӣ мебошад, 25-сол пур мешавад. Дар остонаи ин ҷашни бошукӯҳи таърихӣ ҳар як фарди ватандӯст беихтиёр роҳи тайнамудаи Қувваҳои Мусаллаҳи кишварро албатта пеши назар меорад.
Нахустин паради ҳарбии Артиши миллӣ 23-юми феврали соли 1993 баргузор гардид, ки он рӯз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд.
Тоҷикистон кишвари сулҳхоҳ аст ва ба ҳеҷ кишвари дунё ғараз надорад. Сиёсати хориҷии он ба ҳаллу фасли тамоми муноқишаҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ бо роҳи дипломатӣ равона шуда, ҷонибдори тавсеаи муносибати сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ бо кишварҳои олам аст. Вале, таҳаввулоти ҳарбиву сиёсии ҷаҳон моро водор месозад, ки баҳри ҳифз ва таъмини сулҳу субот дар кишвар доимо омода бошем.
Сарфармондеҳи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерали артиш Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар баромадҳои худ таъкид месозад, ки: «Мо бояд зиракӣ ва ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем».
Дар воқеъ, ҳимояи марзу буми Ватан вазифаи муқаддас ва пурифтихори на танҳо хизматчиёни ҳарбӣ, балки ҳар як шахси солимфикр, бо обрӯ ва нангу номуси давлатамон мебошад. Зеро, ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, ба ҳар як фарди содиқ ва бо нангу номуси ин Ватан вобастагӣ дорад. Ватанро дӯст доштан, аз он ифтихор кардан, барои ҳимояи он омода будан, ба қадри сулҳу субот, осудагиву ваҳдат ва истиқлолият расидан, шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатиро ба ҷо овардан аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки ҷавонони мо бояд онҳоро дастури зиндагии ҳаррӯзаи худ қарор диҳанд ва итминон дошта бошанд, ки танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем, кишвари воқеан ободу пешрафта ва тавоно бунёд намоем.
Тоҷикистон бо бунёди Артиши миллӣ, ки он яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ва сипари боэътимоди кишвар аст, тӯли ин 25-сол озмоишҳои ҷиддиро пушти сар намуда, дар роҳи баланд бардоштани қудрати дифоии ҷумҳурӣ ва ҳифзи ҳама музафариятҳои истиқлолияти он қадамҳои устувор мегузорад. Қушунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун як ҷузъи ҷудонашавандаи Қувваҳои мусаллаҳ айни ҳол метавонад тартиботи ҷамъиятӣ, марзу буми давлатӣ ва ҳама дастовардҳои давлати соҳибистиқлоламонро муҳофизат намояд.
Аз фурсати муносиб истифода бурда, тамоми хизматчиёни Қувваҳои мусаллаҳ, Қушунҳои дохилӣ, Мақомоти корҳои дохилӣ, кормандони Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ва дар маҷмӯъ тамоми мардуми шарафманди ҷумҳуриро бо ҷашни Артиши миллӣ табрику таҳният гуфта, ба ҳамаи онҳо осмони софу беғубор, тансиҳатӣ, хонаи обод, саодати рӯзгор ва хотири ҷамъро таманно дорем!
Кароматулло Абдуллоев, Толиб Ҳаётов, СХДО ВКД ҶТ
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>