Дар толори Раёсати Вазорати корҳои дохилии вилояти Хатлон натиҷаҳои кори солонаи Шӯрои собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон бо иштироки муовини сардори Раёсат полковники милитсия Мируллоев Исмат ва раисони зерсохторҳо баргузор гардид.
Шӯрои созмони собиқадорони милитсияи вилояти Хатлон дар фаъолияти худ Оинномаи созмон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкилотҳои ҷамъиятӣ» ва дигар қонунҳову дастурҳои дахлдорро ба роҳ монда, ба пешравиҳои назаррас ноил гардиданд, зимни баромади худ иброз намуд Раиси Шӯрои собиқадорон подполковники мустаъфӣ Шариф Лақаев.
Дар соли сипаришуда шумораи нафақагирони милитсияи вилояти Хатлон 4074 нафарро ташкил медиҳад. Шӯрои собиқадорон вобаста ба риояи қонуну қарорҳои давлату ҳукумат, риояи тартиботи ҷамъиятӣ 244- маротиба вохӯриҳо гузаронидаанд.
Дар пешравии кори Шӯрои собиқадорони вилоят саҳми Шӯроҳои собиқадорони милитсияи ноҳияҳои Ҷ.Балхӣ, Ёвон, Қубодиён, Шаҳритуз, Дустӣ ва Панҷ назаррас арзёбӣ гардид.
Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саъю кӯшишҳои бевоситаи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, Дармонгоҳи Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ барои кормандон ва собиқадорони мақомоти милитсия мавриди истифода қарор гирифт, ки то имрӯз шумораи зиёди собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ дар Дармонгоҳи мазкур бо табобат фаро гирифта шудаанд.
Ҳамчунин қайд карда шуд, ки дар соли 2017 бо дастгирӣ ва кӯмаки роҳбарияти ВКД ва РВКД 61-нафар собиқадорон барои истироҳат ба осоишгоҳи «Садбарг»-и ВКД равон карда шуданд. Пайваста ба собиқадорони соҳа дар арафаи иду ҷашнҳо кӯмаки молию пулӣ расонида мешавад.
Аъзоёни Шӯрои собиқадорон дар раёсат ва шуъбаҳои мақомоти корҳои дохилӣ бо ҳайати шахсӣ мулоқоту вохӯриҳо мегузаронанд, ки дар ҳар як вохӯрӣ ба ҳайати шахсӣ оиди ҳамкорӣ бо нафақахӯрону ҷавонон дар самти муборизаи дастаҷамъона ба муқобили ҷинояту ҷинояткорӣ ва тарбияи насли ҷавони кормандони мақомоти корҳои дохилӣ баррасӣ мегардад.
Шӯрои собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон дар доираи талаботи қонунҳои амалкунанда, супоришу дастурҳои роҳбарияти ВКД, РВКД ва нақшаи корӣ амал намуда, дар тарбия ва баланд бардоштани малакаи касбии ҳайати шахсӣ, ҳисси масъулиятшиносӣ нисбат ба иҷрои вазифаҳои хизматӣ, садоқат ба Ватан ва Савганди хизматӣ саҳмгузор аст.
Офоқ Қодириён
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>