Шӯрои созмони собиқадорон дар назди Раёсати ВКД дар вилояти Суғд бо иштироки раисони зерсохторҳои худ дар шаҳру ноҳияҳои минтақа натиҷаҳои фаъолияти солонаро баррасӣ ва нақшаи навбатии кориро барои се моҳи аввали соли 2018 муҳокима намуд.
Ҷаласаи корӣ бо иштироки муовини сардори мақомоти корҳои дохилии вилоят полковники милитсия Муборакқадамзода Абдураҳмон Назархон дар маҷлисгоҳи хурди Раёсат баргузор гардид.
Вобаста ба корҳои анҷомдода дар самти вазифаҳои дар назди Шӯро вогузор шуда, аз ҷумла ҳифзи ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои нафақахӯрон ва собиқадорони милитсия, мусоидат дар бартарафсозии мушкилоти иҷтимоӣ, кӯмаки тиббию моддӣ ҳамчунин таъсиррасонӣ дар камолоти касбии насли ҷавони милитсия раиси Шӯрои созмони собиқадорон дар назди Раёсати ВКД дар вилояти Суғд полковники мустаъфӣ Алиҷон Ҳайдаров маъруза намуд.
Шӯрои мазкур 3 349 нафар собиқадорон ва нафақахӯрони мақомоти корҳои дохилиро сарҷамъ намуда, аз ғамхориҳои пайвастаи Вазири корҳои дохилӣ генерал полковники милитсия Раҳимзода Р.Ҳ. ва роҳбарияти милитсияи Суғд бархурдор аст. Аз теъдоди умӯмӣ 1 нафар иштирокчии ҶБВ ва 532 нафар нафақахӯрони бесаробонмонда мебошанд, ки расонидани кӯмак ба онҳо дар мадди аввал меистад, мегӯяд Алиҷон Ҳайдаров.
Давоми соли 2017 бо дастгирии роҳбарияти Вазорат, Раёсат ва шуъбаҳои корҳои дохилӣ дар арафаи ҷашну маросим ва идҳо ба 955 нафар собиқадорон, маъюбон, нафақахӯрони калонсоли мақомот ва оилаҳои кормандони фавтида бо маблағи умӯмӣ 158 ҳазору 865 сомонӣ кӯмаки моддӣ расонида шудааст.
Тавре дар рафти ҷамъомад собиқадорон зикр намуданд шароитҳои барои табобату истироҳат дар ВКД фароҳомгардида мушкилоти дастраси ба солимгардониро хело осон гардонид. Истироҳатгоҳи «Сипар» дар соҳили Баҳри тоҷик, бинои маъмурии шӯъбаи тиббии Раёсат дар шаҳри Хуҷанд ва Маркази таълимӣ-фароғатии ВКД дар ноҳияи Шаҳристон дар баробари ҳайати шахсӣ ба собиқадорони соҳа хизмат менамояд.
Вазифаи дигаре ки собиқадорон назди худ гузоштаанд ин омӯзонидани малака ва таҷрибаи касбӣ ба насли ҷавон аст. Марҳила ба марҳила ташкили ингуна суҳбатҳои судманд зиёдтар ба роҳ монда мешавад.
Муовини сардори Раёсат Муборакқадамзода А.Н. аз аъзоёни Шӯро дархост намуд, ки чунин суҳбату мулоқотҳои тарбиявиро боз ҳам вусъат бахшанд. Ба гуфти мавсуф дар тарбия ва тайёр намудани мутахассисони ҷавону насли ояндасози кишвар, омӯзонидани тарзу усулҳои озмӯдашудаи мубориза бо ҷинояткорӣ, ки эътимоднокии онҳо тӯли солҳо исбот гардидааст ва аз ҳама муҳим, дар баланд намудани рӯҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ ва ифтихори миллӣ дар замири насли ҷавон собиқадорон саҳм доранд.
Таҷрибаи собиқадорон таърихи зиндаи чанд насли мақомоти корҳои дохилӣ буда, манзараҳои сангину пурмашаққати солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, давраҳои душвори баъди ҷангӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро бо оқибатҳои фоҷеабораш хуб дар ёд дорад. Ва ҳамчун махзани маърифат ва такмилдиҳандаи касбият роҳнамои ҷавонон дар ҳар кору пайкори ин касби пурхатар ва пурифтихор мебошад. Ба ин хотир бемаҳдудият имконият дода мешавад то ин, ки собиқадорон бо ҳайати шахсии щуъба ва ҷузъу томҳои амалкунандаи ВКД вохӯриҳо гузаронанд, қайд кард Муборакқадамзода А.Н.
Ҳамчунин дар маҷлиси ҷамъбастӣ таклифу пешниҳодҳои аъзои Шӯрои собиқадорон ҷиҳати таҷлили ҷашнвораҳои мавлуди собиқадорони хизматнишондодаи ҷангу меҳнат, ташкили маҳфилҳо дар истироҳатгоҳҳои дар минтақа будаи ВКД, пазируфта шуд.
Фаъолиятии Шӯрои созмони собиқадорони мақомоти корҳои дохилии вилоят дар иҷрои вазифаҳо назаррас арзёбӣ гардида бошад, ҳам дар соли 2018 як қатор чорабинӣ ва корбариҳои ҷадид ба нақша гирифта шуд. Нақшаи пешбинишуда барои расонидани кӯмаки моддию маънавӣ, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои собиқадорон ва нафақахӯрони соҳа, оилаҳои кормандони зимни иҷрои вазифа фавтида нигаронида шуда, аз ҷониби роҳбарияти Раёсат ҳамаҷониба дастгирӣ меёбанд.
Акбар Шарифов, капитани милитсия
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>