Дар ҷамъомади тантанавие, ки дар маҷлисгоҳи Созмони собиқадорони Вазорати корҳои дохилӣ бо иштироки масъулини Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД баргузор гардид, ба он собиқадороне, ки ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик аз ҷониби роҳбарияти Вазорат қадрдонӣ гардида буданд, дар фазои идона нишонҳои сарисинагӣ ва туҳфаҳои ҷашнӣ супорида шуданд.
Чорабиниро раиси Созмони собиқадорони ВКД генерал-майори мустаъфӣ Ҷурахонзода Саид Қаюм оғоз намуда, қайд кард, ки «Мо - собиқадорону нафақахӯрони мақомоти корҳои дохилӣ, барои дастгириву ғамхориҳои пайвастаи давлату Ҳукумат ва таваҷҷуҳи хоса зоҳир намудани роҳбарияти мақомоти корҳои дохилӣ, бахусус Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро арзи сипосу миннатдорӣ менамоем».
Саид Ҷурахонзода зимни баромади худ зикр кард, ки мо - собиқадорон бояд дар тарбияи насли наврасу ҷавонон, махсусан кормандони ҷавони мақомоти корҳои дохилӣ ва ояндаи дурахшони миллати худ бештар саҳмгузор бошем.
«Тавре Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар баромади худ дар чорабинии тантанавӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик қайд намуд, мақомоти корҳои дохилӣ собиқадорони худро дорад, ки дар таъмини суботу оромӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ нақши арзанда гузоштаанд. Собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ ҳамеша дар пешбурди самти фаъолият, баланд бардоштани малакаи касбӣ ва омўзонидани таҷрибаи пешқадам ба кормандони ҷавон саҳми арзанда доранд», - илова намуд ӯ ва афзуд, ки «дар ин асно ҳар яки моро зарур аст, ки бовариву эътимоди роҳбарияти Ҳукумати кишвар ва Вазорати корҳои дохилиро сазовор бошем».
Дар идомаи ҷамъомад як қатор собиқадорону нафақахӯрон бо Фармони Вазорати корҳои дохилӣ бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик, барои хизмати тӯлонӣ дар мақомот ва муносибати поквиҷдонона нисбати иҷрои вазифаҳои хизматӣ, гузоштани саҳми арзанда дар тарбияи кормандони ҷавон, инчунин дастгирӣ намудани нафақахӯрон бо нишони сарисинагии «20-солагии таъсисёбии Созмони собиқадорони ВКД» қадрдонӣ карда шуданд.
Раҷаббек ИЛЁСОВ
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>