Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қаноатмандии собиқадорони милитсия аз вохӯрии судманд

 

Имрӯз (06.10.с.2017) дар толори маҷлисгоҳи РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт, раиси Созмони собиқадорони Вазорати корҳои дохилӣ генерал-майори мустаъфӣ Ҷураҳонзода Саид Қаюм бо собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ ва ҳайати шахсии Раёсати мазкур вохӯрӣ доир намуд.

Зимни вохӯрӣ раиси Созмони мазкур оид ба корҳои анҷомдодашуда дар ин самт ва кӯмаку дастгириҳо сухан ронда, қайд кард, ки шӯроҳои собиқадорон дар ҳамаи вилояту шаҳрҳо бояд мунтазам ҷамъомадҳо доир намуда, аз вазъи саломатии собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ ва кӯмаку дастгириҳо бархӯрдор бошанд. Ҳамчунин дар ин раванд ин шӯроҳо бештар бо аҳли ҷомеа дар робитаи зич қарор дошта, дар ҳалли мушкилиҳои ҷойдошта кӯмаки амалӣ бирасонанд.
Дар идомаи ҷамъомад як қатор собиқадорони РВКД дар минтақаи Рашт суханронӣ намуда, қайд карданд, ки роҳбарияти ВКД ба онҳо таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, дар ҳар иду ҷашнвораҳо пайваста ба онҳо кӯмак мерасонад. Ҷавобан ба ин ғамхориҳо онҳо дар навбати худ изҳор доштанд, ки ҳамеша бар зидди ҷинояту ҷинояткорӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, волоияти қонун ва осоиштагию гулгулшукуфии диёри биҳиштосо дар якҷоягӣ бо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар сафи пеш қарор дошта, маҳорату малака ва таҷрибаи бисёрсолаи худро ба насли ҷавони милитсия хоҳанд омӯзонид.
Ҳамчунин раисони шӯроҳои собиқадорони ноҳияҳои Лахш, Нуробод ва Тоҷикобод баромад намуда, миннатдории хешро ба роҳбарияти ВКД изҳор доштанд.
Дар идомаи вохӯрӣ полковники мустаъфӣ Махшулов Хушвахтшо бо дастгирии собиқадорони ин минтақа Раиси шӯрои собиқадорони мақомоти корҳои дохилии минтақаи Рашт интихоб гардид.
Махшулов Х., зимни баромади худ иброз намуд, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сайъю кӯшишҳои бевоситаи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, соли 2014 Дармонгоҳи Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар минтақа ва ноҳияи Рашт барои кормандон ва собиқадорони мақомоти милитсия мавриди истифода қарор гирифт, ки то имрӯз шумораи зиёди собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ дар Дармонгоҳи мазкур бо табобату истироҳат фаро гирифта шудаанд.

Чунин беҳдошти вазъи иҷтимоӣ дарак аз сулҳу ободӣ, тараққиёту пешрафти кишвари маҳбуб дода, аз ҳар як фарди солимфикри ҷомеа тақозо менамояд, ки ба хоку оби софи ин сарзамини ганҷофар шукрона намояд.
Дар хотимаи вохӯрӣ собиқадорони минтақа ва ноҳияи Рашт аз баргузории чунин як ҷамъомади пурмӯҳтаво изҳори қаноатмандӣ намуда, ба суолҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
Рухшона Шукурова




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

04.08

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика