Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машғулияти хизматӣ оид ба таърихи пайдоиши милитсияи тоҷик

Имрӯз (29.09.с.2017) дар толори Вазорати корҳои дохилӣ бо иштироки ҳайати шахсии Дастгоҳи марказии Вазорати корҳои дохилӣ бахшида ба «Таърихи пайдоиши милитсияи тоҷик» машғулияти хизматӣ доир гардид.

Машғулияти хизматиро Фармондеҳи Раёсати Қӯшунҳои дохилии ВКД полковник Бобозода Хусрав оғоз намуда, дар хусуси «Таърихи пайдоиши милитсияи тоҷик, ташаккул ва саҳми он дар тақвияти Истиқлолияти давлатии кишвар» муфассал баромад намуд.
Мавсуф зимни суханронӣ қайд кард, ки «Милитсия дар низоми давлатии таъмини амнияти кишвари мо нақши асосиро бозида, калонтарин ва серваколаттарин сохтори қудратии давлат ба ҳисоб меравад. Саҳифаи дурахшони солномаи милитсияи Тоҷикистон ба солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ алоқаманд мебошад, ки аз ҳисоби кормандони он зиёда аз 1200 нафар дар муҳорибаҳои ҷанги адӯ иширок намуда, Эргалӣ Шарифов, М.Новосельсев, Муҳаммад Ҳоваҷӣ, В.Недовижин ба унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ мушарраф гардидаанд».

Қайд кардан ҷоиз аст, ки дар ташаккулёбии милитсияи тоҷик тарбияи кадрҳои маҳаллӣ ва таъсиси раёсату шӯъбаҳои гуногуни мақомот ва сохтмони иншооти хизматӣ, нақши Бобо Маҳкамов зиёд мебошад. Даврони истиқлолияти кишвар, ки таърихи нави давлатамон мебошад, дар саҳифаҳои нав кору фаъолияти милитсияро ибтидо гузошт. Дар баробари ин истиқлолияти давлатӣ дар назди кормандони милитсияи тоҷик масъулияти ниҳоят бузург ва басо пуршараф ба монанди ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таъмини бехатарии давлат, ҳуқуқу озодиҳо ва ҳаёти осоиштаи шаҳрвандон ва ҳимояи истиқлолияти давлатиро гузошт.

Дар идомаи суханронӣ зикр гардид, ки аз ибтидо то кунун кормандони милитсия бо ҳисси баланди масъулият сарбаландона ин суннат ва рисолати таърихии худро иҷро карда истодаанд. Мақомоти корҳои дохилӣ ба як ниҳоди муқтадири ҳифзи ҳуқуқи кишвар табдил ёфта, қодир аст ҳама гуна амалҳои душманонаи гурӯҳҳои ҷиноятпешаро, ки ба амнияту суботи дохилии давлат, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон хатар эҷод мекунад, ҷилавгирӣ намояд.
Боиси ифтихор аст, ки ба фаъолияти кормандони милитсия аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳои мусбӣ дода шудааст. Аз ин лиҳоз ҳар яки моро зарур аст, ки ба ин баҳои баланди нисбати фаъолияти касбии милитсия додаи Сарвари давлат сазовор будани худро ба таври воқеӣ дар амал нишон диҳем,-афзуд ӯ.
Дар охири машғулияти хизматӣ миёни иштирокдорон мубоҳиса сурат гирифта, онҳо ба саволҳои худ оид ба таърихи пайдоиши милитсияи тоҷик ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
Рухшона Шукурова




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика