Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таҷлили хизматҳои арзанда

Ҳайати шахсии РВКД дар вилояти Суғд 70-солагии собиқадори мақомоти корҳои дохилӣ генерал-майори мустаъфии милитсия, Абдуманнон Ғозиевро дар ҳалқаи дӯстону пайвандон таҷлил намуданд.
Лавҳаи дар даромадгоҳи толор насб гардида пайроҳаи касбӣ ва ҳаёту фаъолияти шахсии соҳибҷашнро бозгӯ менамуд. Ҷашнвора дар асоси дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро аз рӯи нақшаи Созмони собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ ва РВКД вилоят бо мақсади тарбияи насли ҷавони милитсия дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва садоқат ба касб дар ҳамоҳангии Мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ташкил гардид.
Иштироки доираи васеи собиқадорони милитсия, намояндаи Шӯрои собиқадорони ВКД Федератсияи Россия, ходимони давлатию сиёсӣ, дӯстону шогирдон, чорабиниро ба як маҳфили хотираҳо табдил дод, ки барои насли имрӯзаи милитсия метавонад ҳамчун таҷриба истифода шавад.

Дар оғози чорабини сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд генерал - майори милитсия Шариф Назарзода вобаста ба шахсияти Абдуманнон Ғозиев суханронӣ намуда, аз фидоии касб будан ва саҳми арзандаи ӯ дар тарбияи кадрҳои маҳаллии мақомоти корҳои дохилӣ ҳарф зад. Мавсуф бо ишора ба таҷриба ва фаъолияти бенуқсону намунавии соҳибҷашн аз кормандони ҷавон даъват намуд, ки ба шахсиятҳое мисли Абдуманнон Ғозиев пайрав бошанд.
Номаи табрикотии Вазири корҳои дохилиро муовини сардори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии Вазорат полковники милитсия Шарифзода Хушвақт Саид ба саҳми хозирин расонида иброз дошт, ки фаъолияти хизматии А.Ғозиевро дар сафи милитсия метавон намунаи баланди ватандӯстӣ ва садоқат ба савганд унвон кард.

Ҳамчунин ба ин муносибат бо фармони Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро соҳибҷашн барои саҳми арзанда дар рушди соҳа бо нишони сарисинагии «Милитсияи тоҷик» сарфароз гардонида шуд.
Табрикоту шодбошии Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодириро ба саъми ҳозирин муовини аввали раиси вилоят Раҳматзода Рустам Мирзо ироа намуд. Гуфта шуд, ки шахсиятҳое чун соҳибҷашн бо кору пайкори худ натанҳо дар рушди як соҳа балки ҳамчун ходими давлатӣ дар ҳамаи ҷабҳаҳои зиндагӣ намудор аст. Соҳибэҳтиром гаштани чунин шахсон ин пеш аз ҳама натиҷаи заҳмат ва масъулиятшиносии худи онҳост.
Роҳи тайкардаи соҳибҷашнро аз хотироти ҳамкасбон, шогирдону дӯстон дар маҷмуае бо номи «Родмарди милитсияи тоҷик» таърихшинос Усмонҷон Ғаффоров гирд овардааст. Дар чорабинӣ муаллифи китоб ба сухан баромада, доир ба муҳтавои китоб ва қаҳрамони он маълумот дод.
Собиқадори мақомоти корҳои дохилии Федератсияи Россия собиқ корманди масъули ВКД Иттифоқи Шӯравӣ полковники мустаъфии милитсия Михаил Яриков суханронӣ намуда, дар симои соҳибҷашн ба миллати тоҷик баҳои баланд дод. Номбурда бо ёдоварӣ аз фаъолият дар сохтори милитсияи Шӯравӣ дӯстии халқҳоро таъкид дошт, ки то ҳанӯз пайванди ногусастанӣ дорад ва ҳамчун рамзи эҳтиром аз номи ҳамкасбон собиқадорони ВКД Федератсияи Россия «Медали дӯстӣ»-ро ба соҳибҷашн тақдим кард.

Дар идома дӯстону пайвандон доир ба рӯзгори ибратбахши А.Ғозиев сухан карданд. Аз хислатҳои фардӣ, кордонию масъулиятшиносӣ ва урфу одати соҳибҷашн гуфтанду шуниданд.
Таҷрибаи собиқадорони милитсия ҳамчун хазинаи гаронбаҳо барои пешбурди фаъолият дар мақомоти корҳои дохилӣ истифода мешавад. Ҷашнвора низ бо ҳамин мақсад баргузор гардид.
Дар хотима соҳибҷашн барои ташкили ҷамъомад, ки нишонаи эҳтироми Ҳукумати кишвар ба хизматҳояш аст, изҳори минатдорӣ намуд.
Акбар Шарифов, капитани милитсия




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

04.08

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика