Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрӣ бо собиқадорон дар ноҳияи А.Ҷомӣ

Имрӯз (23.09.с.2017), дар ШВКД ноҳияи А.Ҷомӣ вохӯрии кормандони милитсия бо собиқадорони соҳа баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи А.Ҷомӣ полковники милитсия Назарзода Толиб, собиқадорони РВКД дар вилояти Хатлон ва ҳайати шахсии шуъбаи мазкур иштирок намуданд.

Дар рафти вохӯрӣ сардори Шуъбаи мазкур полковники милитсия Назарзода Толиб баромад намуда, хизмати собиқадорони милитсияро дар барқарорсозии сохти конститутсионӣ ва таъмини сулҳу суботи кишвар басо муҳим арзёбӣ намуд. Зикр гардид, ки сулҳ неъмати гаронбаҳоест, ки миллатро бузургию арзи баланд ато намуда, давлатро шуҳратёр мегардонад.
Дар ҷомеаи имруза падидаҳои нави ҷинояткорӣ аз қабили терроризм, экстремизм, равияву ҳаракатҳои номатлуб, ҷинояткории муташаккилона, муомилоти ғайриқонунии силоҳ ва маводи мухаддирро ба вуҷуд овардаанд, ки фаъолияти кормандонро боз ҳам вазнинтар менамояд.
Вале, кормандони милитсия ҳамеша ҷаҳду талош менамоянд, ки ҳар як ҷиноят сари вақт ошкор гардида, ҷинояткорон ҷазои сазовор гиранд.
Раиси Шӯрои собиқадорони вилоят подполковники мустаъфӣ Лақаев Ш. аз фаъолияти тӯлонии худ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳарф зада, ба кормандони ҷавони шуъба аз таҷрибаҳои корӣ мисолҳо овард ва онҳоро ба поквиҷдониву хушмуомилагӣ даъват намуд.

Кормандони милитсия аз ин вохӯрӣ рӯҳу илҳоми тоза гирифта, қавл доданд, ки ҳамеша ба савганди худ содиқ ва барои ҳифзи халқу диёр бо ҷону дил кору фаъолият хоҳанд намуд.
Сипас аз ҷониби роҳбарияти Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи А.Ҷомӣ ба собиқадорон тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.
Офоқи Қодириён, подполковники милитсия




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика