Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ин ваҳдати хуҷаста моро тулӯи бахт аст!

- Ваҳдату якдилӣ яке аз музаффариятҳои асосии мардуми тоҷик ба шумор рафта, барои мустаҳкам нигоҳ доштани ватан аз ҳар гуна хатарҳои замони муосир заминаи басо муҳим арзёбӣ мегардад. Бо мақсади боз ҳам устувор гардонидани Ваҳдати миллӣ кормандони мақомоти корҳои дохилӣ пайваста пайи ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ мебошанд, - қайд карда шуд дар вохӯрии собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ бахшида ба 20-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки бо иштироки кормандони Шуъбаи 1-уми ВКД дар ноҳияи Сино гузаронида шуд.
Дар он полковникони мустаъфии милитсия - раиси Шӯрои собиқадорони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе Раҳматшо Неъматов, аъзои шӯро Неъматулло Билолов, раиси Шӯрои собиқадорони шуъбаи мазкур Хушдил Рустамов ва ҳайати шахсӣ иштирок намуданд.
Раҳматшо Неъматов дар баромадаш дар бораи арзиши Ваҳдати миллӣ ва саҳми кормандони мақомоти корҳои дохилӣ барои ба даст овардани он суханронӣ намуда, афзуд, ки Ваҳдати миллӣ бо талошу ҷонбозиҳои зиёди фарзандони баруманди ин сарзамин ба даст омадааст.
Дар идомаи вохӯрӣ Неъматулло Билолов баромад намуда, афзуд, ки дар оғози нооромиҳо мардуми тоҷик басо рӯзҳои сангинро аз сар гузарониданд ва инро танҳо нафароне медонанд, ки он рӯзҳои мудҳишро пушти сар кардаанд.

Ҳамчунин, мавсуф қайд кард, ки то ба даст овардани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ чандин музокираҳо сурат гирифт ва ниҳоят 27 июни соли 1997 мардуми тоҷик ба ин нооромиҳо хотима бахшида, Ваҳдати миллиро ба даст оварданд ва фазои сулҳу дӯстӣ танинандоз гардид.
Хушбахтона, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷасорат ва тавоноии худ тавонистанд тамоми мардуми кишварро сарҷамъ намоянд. Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ низ барои ба даст овардани Ваҳдати миллӣ ва ҳимояи ватан нақши муҳим доранд.
Тоҷиддин ЛАТИПОВ




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

04.08

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика