Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Собиқадорон фаъолияти нимсоларо ҷамъбаст намуданд!

Дар ҷаласаи навбатии Созмони собиқадорони Вазорати корҳои дохилӣ, ки ҳафтаи гузашта доир гардид, фаъолияти шашмоҳа ҷамъбаст ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли равон мушаххас гардиданд. Дар он раис, аъзои созмон ва раисони шӯроҳои собиқадорони ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ иштирок намуданд.

Ҷамъомадро бо сухани ифтитоҳӣ раиси Созмони собиқадорон генерал-майори мустаъфӣ Ҷӯрахонзода Саид Қаюм оғоз намуда, зикр кард, ки Созмони собиқадорони ВКД фаъолияти худро дар доираи талаботи қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ, оиннома, фармону дастурамалҳои батанзимдарорандаи фаъолияти ассотсиатсияи собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ ва дастуру супоришҳои роҳбарияти ВКД ба роҳ мондааст.
Имрӯз дар ҳайати Созмони собиқадорони ВКД 14 ҳазору 436 нафар собиқадорону нафақахӯрон ба қайд гирифта шудааст. Аз ҷониби Созмони собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ ва шӯроҳои собиқадорон дар манотиқи ҷумҳурӣ дар ин давра баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро оид ба истифодаи таҷрибаи бойи собиқадорони ВКД дар тарбия ва баланд бардоштани малакаи касбии ҳайати шахсӣ, дар қалби онҳо бедор намудани ҳисси масъулиятшиносӣ нисбат ба иҷрои вазифаҳои хизматӣ, баланд бардоштани рӯҳияи ифтихори миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, садоқат ба ватан ва савганди хизматиашон бо ҳайати шахсӣ, бахусус кормандони ҷавони мақомоти корҳои дохилӣ вохӯриву чорабиниҳои судманд доир гардиданд.

Бояд қайд кард, ки дар ин муддат созмони мазкур ва шӯроҳои собиқадорон бо ҳайати шахсӣ зиёда аз 220 маротиба ҷаласаву чорабиниҳо ва вохӯриҳо доир намудаанд. Зимни баргузории ин вохӯриҳо аз хизматҳои фидокоронаи кормандони собиқи милитсия, ҷасорату шуҷоат, азму иродаи қавӣ ва далерию мардонагии онҳо ба кормандони ҷавони милитсия нақл намуда, ба онҳо дарси матонат омӯхтанд. Дар маҷмӯ, онҳо бо панду насиҳатҳои падаронаи худ дар кори тарбияву камолоти наслҳои ҷавони мақомоти корҳои дохилӣ саҳми фаъол доранд, то ин ки бо кӯшишу заҳмат, ақлу фаросат, донишу таҷрибаашон кормандони ҷавони мақомоти корҳои дохилӣ нуфузи ин сохторро дар назди ҷомеа баланд бардоранд.
Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти ВКД собиқадорону нафақахӯрони ин сохтор дар баргузориву таҷлили ҳама гуна иду чорабиниҳо ва дигар мавридҳо пайваста дастгирӣ меёбанд. Аз ҷумла, дар зарфи шаш моҳи соли ҷорӣ дар тамоми миқёси ҷумҳурӣ ба 914 нафар нафақахӯрони мақомоти корҳои дохилӣ ба маблағи 329255 сомонӣ кӯмакҳои пуливу молӣ расонида шудааст, ки аз ин теъдод 702 нафар аз ҷониби Хадамоти давлатии "Муҳофиза" ба маблағи 132 ҳазору 80 сомонӣ кӯмак расонида шудааст.
Инчунин, бо дастгирии ҳамаҷонибаи роҳбарияти мақомот барои муолиҷаву нигоҳубини собиқадорон дар дармонгоҳҳои ВКД шароитҳо муҳайё гардидааст ва дар баробари ин, барои сафарбар намудан ба истироҳатгоҳҳои тобеи Вазорат - "Садбарг", "Шифо" ва "Сипар", ки бо тамоми шароитҳои муосир таъминанд, имконият фароҳам оварда шуд.
Раиси Созмони собиқадорон дар интиҳои суханронӣ изҳор намуд, ки мо бояд сарҷамъона дар ҳифзи таъмини оромиву осудагӣ, пешрафту тараққиёт, сарсабзиву хуррамии Ватани хеш саҳмгузор бошему барои ноил гардидан ба дастовардҳои нав ба нав талош намоем».
Дар хотима, баҳри пешбурди кор ва боз ҳам ҷонноксозии фаъолияти созмон ва шӯроҳо пешниҳодҳо ироа гардида, аз ҷониби ҳозирин хуш пазируфта шуд ва нақшаи чорабиниҳо низ ҳамаҷониба дастгирӣ ёфт.
Раҷаббек ИЛЁСОВ 


You have no rights to post comments



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика