Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дарси мардонагиву ҷасорат

- Мардони набарди солҳои 1941-1945 дар қалби ҳамешагии мардум қарор дошта, онҳо дар муборизаи замони хеш гомҳои устувор гузошта, ватанро аз дасти бадхоҳон нигоҳубин намуданд. Мо, насли имрӯзи ин сарзамин хизматҳои арзандаи онҳоро ҳеҷ гоҳ фаромӯш накарда, аз рафтори ҳамаҷонибаи онҳо ибрат гирифта, дар мубориза алайҳи душман камари ҳиммат баста, то лаҳзаҳои охирин ҷонро нисор хоҳем кард, - иброз гардид дар чорабинӣ бахшида ба Рӯзи Ғалаба, ки дар арафаи ин ид дар шуъбаи милитсияи ноҳияи Варзоб доир гардид. Дар чорабинӣ собиқадорони ҷангу меҳнат, роҳбарият ва ҳайати шахсии шуъбаи мазкур иштирок намуданд.

Нахуст, сардори Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Варзоб, полковники милитсия Саидзода Раҳматулло Аҳмад суханронӣ намуда, ҳозиринро ба муносибати 72-юмин солгарди Ғалаба бар фашизм табрику муборакбод гуфта, илова намуд, ки мо, кормандони мақомоти корҳои дохилӣ хизматҳои арзанда ва корнамоиҳои мардони набардро ки дар лаҳзаҳои мудҳиштарин дар ҳифзи марзу буми Ватан истодагарӣ намудаанд, сармашқи кори ҳамарӯзаи худ қарор додаем.
Тибқи маълумотҳо дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз ноҳияи Варзоб 2000 нафар сафарбар гардида буданд.
Раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияи Варзоб Шамсиддин Маҳкамов суханронӣ намуда, қайд кард, ки банда дар китоби хеш, ки чанд сол қабл бо номи «Сарбозони далер» ба табъ расидааст, дар бораи шуҷоату далерии ҳамватанонамон дарҷ гардидааст, ки дар солҳои оғози ҶБВ аз ин ноҳия дар як рӯз 300 нафар барои мубориза алайҳи фашизм фиристода шуданд.
Дар рафти баргузории чорабинӣ раиси Шӯрои собиқадорони ШВКД дар ноҳияи Варзоб, капитани мустаъфӣ Ниёз Акобиров ва собиқ сардори шуъбаи мазкур, полковники мустаъфӣ Маҳмадалӣ Бобоёров ҳозиринро ба муносибати ин санаи таърихӣ муборакбод намуданд.

Дар охир барои собиқадорони ҷангу меҳнат туҳфаҳои хотиравии молию моддӣ тақдим карда шуд.
Тоҷиддин ЛАТИПОВ 


You have no rights to post comments



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика