Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дидорбинии роҳбарияти Академияи ВКД аз собиқадорон дар арафаи Иди байналмилалии Наврўз

Дар асоси супориш ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Вазири корҳои дохилӣ дар бораи ғамхорӣ ба собиқадорони мақомоти милитсия дар Академияи ВКД нақшаи аёдати собиқадорон ва оилаҳои кормандони ҳалокгардида тартиб дода шуда, онҳо ба ғамхориҳои ҳамаҷонибаи роҳбарияти Академияи мазкур фаро гирифта шудаанд. 

Дар ҳамин асос, санаи 19 марти соли 2017, муовини аввали сардори Академияи ВКД генерал-майори милитсия Кабирзода Ҷ.Ҳ. ва як зумра кормандони Академияи мазкур ба аёдати собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ, иштирокчии ҶБВ Макеев Евгений Яковлевич рафтанд.
Ҳангоми аёдат ба Макеев Е.Я. тӯҳфаи хотиравӣ ва ёрии моддӣ расонида шуд, ки аз ин Макеев Е.Я. хушҳол гашта, ба роҳбарияти ВКД ва Академия изҳори сипос намуд.
Макеев Е.Я. айни ҳол 92-сола буда, аз соли 1971 дар Мактаби миёнаи махсуси милитсия, баъдан Мактаби олии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат карда, дар тайёр кардани мутахассисон саҳми бузург гузоштааст.
Ҳангоми аёдат Макеев Е.Я. шукрона аз сулҳу суббот ва Истиқлолияти давлатӣ намуд. Ин иқдоми хайр - аёдати собиқадорон бо ибтикори сардори Академияи ВКД генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р. идома дорад.
Асламов Б.С., Убайдуллоев Ш.Э. 


You have no rights to post comments



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика