Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хурсандии собиқадоронро ҳадду канор набуд!

Роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати ҳар иду ҷашнҳо собиқадорону аъзои оилаҳои кормандони фавтидаи мақомоти корҳои дохилиро табрику муборакбод намуда, ба онҳо туҳфаҳои идона тақдим менамоянд. Ин ташаббуси Вазоратро дигар ҷузъу томҳои ин сохтори муҳим низ дастгирӣ намуда, ба чунин шахсони ниёзманд дасти кӯмак дароз мекунанд.

Ҳамин аст, ки рӯзи 23-юми феврал - дар Рӯзи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулини Академияи Вазорати корҳои дохилӣ ба аёдати собиқадори соҳа, полковники мустаъфии милитсия Саидшо Миров, ки солиёни зиёд дар ин муассисаи таҳсилоти касбӣ фаъолияти илмиву омӯзгорӣ намудааст, ба хонаи ӯ рафтанд.
Зимни ин дидорбинӣ муовини аввали сардори Академияи ВКД, генерал-майори милитсия Кабирзода Ҷурахон Ҳаким аз номи роҳбарияти Вазорат ва Академияи ВКД ин собиқадори соҳаро бо Иди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, ба ӯ гулдаста ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.
Саидшо Миров дар суҳбат бо масъулини Академияи ВКД аз дастгириву ғамхориҳои рӯзафзуни роҳбарияти Ҳукумати кишвар ва ВКД изҳори хушҳолӣ намуда, ба Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва сардори Академияи мазкур, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ арзи сипоси худро расонид.
Тавре С. Миров иброз намуд, дар арафаи ҳама гуна иду ҷашнҳо масъулини ВКД, Академия ва РВКД дар шаҳри Душанбе ба дидорбинии ӯ омада, аз аҳволи ӯ хабардор шуда, нисбаташ ғамхориҳои зиёд зоҳир менамоянд.
Дар ин рӯзи ид, ҳайати омӯзгорону кормандони Академияи ВКД, ҳамчунин ба аёдати собиқадори дигари соҳа, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, полковники мустаъфии милитсия Макеев Евгений Яковлевич рафтанд. Ин пири рӯзгордидаро бо Рӯзи таъсисёбии Артиши миллии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, ба ӯ гулдаста ва туҳфаҳои идона тақдим намуданд.
Мавриди зикр аст, ки собиқадорони милитсия Макеев Евгений Яковлевич ва Саидшо Миров дар солҳои тӯлонии фаъолияти илмиву омӯзгории худ дар Академияи ВКД, дар омодасозии теъдоди зиёди мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замон саҳм гузошта, имрӯзҳо шогирдони ин ду пири рӯзгордидаву таҷрибадор дар самтҳои гуногуни мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистони соҳибистиқлол фаъолият намуда истодаанд.
Лилия Каримова, Умед Очилов 


You have no rights to post comments



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика