Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қадрдонии собиқадорон дар арафаи Иди касбӣ

 

Дар ҷамъомади идонае, ки ба муносибати Рӯзи милитсия дар РВКД дар шаҳри Душанбе доир гардид, сардори ин раёсат, генерал-майори милитсия Фотеҳ Қунғуротзода ҳозиринро аз номи Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо фарорасии Иди касбии кормандони милитсия табрик намуд.
Мавсуф зикр кард, ки милитсия яке аз шохаҳои тавоно ва нерӯманди ҳар як давлат буда, оромии сиёсӣ, низому тартиботи ҷамъиятиро дар ҳама давру замон таъмин менамояд. Милитсияи тоҷик аз оғози фаъолияти худ дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, таҳкими қонунҳои амалкунанда ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ роҳи пуршараферо тай намудааст.
Мавсуф аз таърихи рангину қаҳрамониҳои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, саҳми собиқ сардорони раёсат дар пешбурди кори соҳа, ҷонбозиву садоқати кормандон дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва нақши онҳо дар пойдории ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирӣ ва ошкор намудани ҷиноятҳо сухан ронда, афзуд, ки кормандони милитсия ҳамеша ба савганди худ содиқ буданду мемонанд.
Сипас, раиси Созмони собиқадорони ВКД, полковники мустаъфӣ Изатулло Шарифов кормандони раёсат ва наздикони онҳоро аз номи собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ ба муносибати ин санаи фархунда самимона табрик намуда, иброз дошт, ки маҳз бо туфайли хизматҳои шабонарӯзии кормандони милитсия мардум пайи зиндагии орому осуда ҳастанд.
Собиқ сардори раёсати мазкур, генерал-майори мустаъфӣ Саид Ҷӯрахонов ва собиқадор, полковники милитсия Неъматулло Билолов дар баромадҳояшон аз корнамоиву далерии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, заҳматҳои шабонарӯзии кормандони ин сохтор сухан карда, ба ҳар як корманд барои хизматҳои содиқонаву самимиашон арзи сипос намуданд.
Дар идомаи чорабинӣ бо Фармонҳои Вазири корҳои дохилӣ ва сардори РВКД дар шаҳри Душанбе як қатор кормандон барои зоҳир намудани маҳорату малакаи баланди касбӣ дар таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, волоияти қонун, муҳофизати манфиатҳои шаҳрвандон ва ба муносибати Рӯзи милитсия бо Ифтихорномаҳои фахрӣ, Раҳматнома, медали "Милитсияи Тоҷикистон", нишони сарисинагии "Барои хизматҳои аъло дар ВКД" ва бо рутбаҳои махсуси навбатӣ қадрдонӣ карда шуданд. 68 нафар собиқадорони милитсияи пойтахт низ бо маблағҳои пулӣ қадрдонӣ гардиданд.
Раҷаббек ИЛЁСОВ




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика