Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИЛИТСИЯ БА МАН НОМИ НЕК ВА ОБРӮ ДОД…

Аз рӯзгори собиқадори ВКД, полковники милитсия Шариф Умаров.
Меҳру муҳаббати беандоза нисбат ба фаъолияти мақомоти милитсия дар синни 22-солагӣ ӯро ба ин ҷода оварда, аз корманди ҳайати қаторӣ то ба рутбаи полковники милитсия расид. Полковники мустаъфии милитсия Шариф Умаров 33 соли ҳаёти пурбаракати худро дар сафи мақомот, баҳри таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирию ошкорсозии ҷинояткорӣ сипарӣ намудааст. Маҳз самимияту садоқати ба ин касб дошта, ӯро маъруфу муваффақ гардонид ва аз милитсионери Хадамоти посбонӣ-пайроҳадорӣ то вазифаҳои роҳбарикунанда, сардори шуъбаи милитсия камол ёфт.
Шариф Умаров 17-уми декабри соли 1951 дар деҳаи Қарчқуми ноҳияи Конибодом, дар оилаи хизматчӣ таваллуд ёфтааст. Ба вуқӯъ пайвастани як ҳодисаи сарироҳӣ дилбастагии мавсуфро ба милитсия ба вуҷуд овард ва талоши расидан ба орзуи даврони наврасӣ, муҳаббат нисбати касб то охирин лаҳзаҳои мурод оромаш намегузошт.
"Ҳангоми мактабхонӣ ба ҳодисае рӯ ба рӯ гардидам, ки орзуи корманди милитсия шуданро дар замирам ҷой намуд. Баъди аз дарс озод шудан мо як гурӯҳ талабагон шоҳиди садамаи нақлиётӣ гардидем. Нақлиёти сабукрав муаллимаамонро пахш ва аз ҷойи ҳодиса фирор намуд. Аз байни шоҳидон ман ягона нафаре будам, ки рақами автомашинаро дар хотир гирифта, ба корманди милитсия - нозири минтақавӣ Холбоев расонидам. Ҳушёрӣ ва хотираи қавӣ доштанамро тавсиф намуда, номбурда таъкид дошт, ки аз ман дар оянда милитсионери хуб мебарояд. Маҳз ҳамин баҳодиҳӣ ва суҳбати аввалин бо корманди милитсия, ки дар баробари симои ҷиддӣ доштан, хушмуомила ва либоси низомӣ ба ӯ хеле мезебид, оташакеро дар дили ман ҷой дод", - мегӯяд Шариф Умаров.
Қаҳрамони нигоштаҳои мо хизмати ҳарбиро давоми солҳои 1971-1973 дар Ҷумҳурии Озарбойҷон, дар қӯшунҳои мудофиаи зиддиҳавоии Қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ адо намуда, ба зодгоҳ бармегардад. Моҳи феврали соли 1974 тақдири ӯ ба милитсия пайваст. Аввалин вазифае, ки пайроҳаи соҳаро ба рӯяш боз намуд, ин милитсионери ротаи хадамоти посбони пайроҳадории Шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Ленинобод (ҳозира Хуҷанд) буд.
Кор дар сафи мақомоти корҳои дохилӣ дар баробари ҳушёриву зиракӣ, ҳамзамон саводнокиву соҳибмаълумотиро талаб менамояд. Бо назардошти ҳамин унсур роҳбарияти ҳамонвақти ШКД қобилияти Шарифи ҷавонро ба инобат гирифта, барои таҳсил ба Мактаби махсуси милитсияи шаҳри Душанбе мефиристанд. Соли 1978 баъди хатми ин муассисаи таълимӣ вазифаи ҳайати миёнаи роҳбарикунандаро ба старшинаи милитсия Ш. Умаров бовар намуда, бо сарфароз гардонидани рутбаи лейтенанти милитсия ӯро сарнозири комендатураи махсуси №3-и шаҳри Ленинобод, ки он замон дар тобеияти ВКД буд, таъин менамоянд.
Пайваста дар омӯзиш будан, сайқал додани савияи дониш ва маҳорати тахассусӣ шиори ҳамешагии зиндагиномаи қаҳрамони матлаби мост. Давоми солҳои 1982-1987 шуъбаи ғоибонаи Мактаби олии Иттиҳоди Шӯравӣ дар шаҳри Тошкандро хатм ва заминаи касбияти худро бо гирифтани донишҳои соҳавӣ устувор намудааст.

Зимни иҷрои вазифа нишон додани фаъолияти бенуқсон, исботи маҳорати баланди кордонӣ, масъулиятшиносӣ дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ дари вазифаҳои баланди мақомотро барои ӯ боз намуд. Соли 1980 сардори комендатураи махсуси шаҳри Қайроққум (ҳозира Гулистон), солҳои 1983-1989 сардори шуъбачаи минтақавии милитсияи шаҳраки Адрасмони ШКД-и шаҳри Қайроққум, солҳои 1989-1992 муовини сардори ШКД-и ноҳияи Спитамен, солҳои 1992-1994 сардори шуъбачаи ШКҶ-и Раёсати корҳои дохилии вилояти Ленинобод (ҳозира вилояти Суғд) ва то соли 2002 дар вазифаҳои муовини сардор оид ба корҳои фаврӣ дар шаҳрҳои Конибодому Панҷакент ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров фаъолият карда, аз моҳи майи соли 2002 то баромадан ба нафақа дар моҳи феврали соли 2007, роҳбарии ШВКД дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро ба уҳда дошт.
"То охирин нафас омодаам, ки дар сафи милитсия бошам", - мегӯяд полковники мустаъфии милитсия Шариф Умаров. "Зеро мақомот ба ман номи нек ва обрӯ дод. Бо ҳамсафари ҳаётиам Маҳбуба низ ҳангоми иҷрои вазифа шинос шуда, оила барпо намудем ва соҳиби се фарзанд гаштем", - иброз медорад ӯ.
Аснои фаъолият дар сафи милитсия борҳо бо Сипосномаву Ифтихорнома, ордену нишонҳои соҳавӣ меҳнати ӯро қадр кардаанд. Ду маротиба ба унвони "Аълочии милитсия" сазовор гаштааст. Ҳангоми фаъолият дар ҳайати қаторӣ соҳиби нишони сарисинагии "Аълочии милитсия" ва дар давраҳои минбаъда меҳнати ин собиқадори корозмуда бо нишони "Барои хизматҳои аъло дар ВКД" қадршиносӣ шудааст, ки дар баробари дигар ордену медалҳо сари синаашро зеб медиҳанд.
Полковники мустаъфии милитсия Ш. Умаров аз он нафароне, ки дар камолоти касбии ӯ саҳм гирифта, дар ҷодаи пайроҳаи душвор ва пуршараф раҳнамоӣ намудаанд, миннатдор аст. Бо эҳтирому самимият номи нафаронеро ба забон меорад, ки ба ӯ ҳаққи устодӣ доранд. Қодир Хабилов, Абдуманон Ғозиев, Абдураҳим Қаҳҳоров, Муҳсин Муҳиддинов ва Обид Қосимов аз зумраи онҳоянд.
Худ низ услуби устодонро идома дода, ҳангоми ба ҳайси роҳбар будан таҷрибаи андӯхтаашро ба ҷавонон омӯзонидааст, ки онҳо имрӯзҳо дар вазифаҳои роҳбарикунандаи мақомот, сардорони ШВКД ва муовинони сардорони шуъбаҳо фаъолият доранд. Полковникҳои милитсия Эмин Ҷалилзода, Зикриё Абдуазизов, Қосим Насимзода, Бахтиёр Аминҷонов, подполковникҳои милитсия Давлатов Ҷ., Ҳошимов Ф., Ҷумъаев Ҳ. ва боз чандин нафари дигар аз шогирдонеанд, ки ҳамчун роҳбаладу роҳнамо нисбати мавсуф эҳтиром доранд.
"Шоҳиди бесарусомонӣ ва ҷанги хунини шаҳрвандӣ будан дардноктарин хотирае мебошад, ки ҳеҷ аз ёд намеравад. Авҷи ҷинояту қонуншиканӣ, поймол гардидани ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, марги ҳампешагон барои барқарорсозии сохти конститутсионӣ лаҳзаҳои мушкилтарини таҷрибаи кориам мебошад", - мегӯяд Ш. Умаров. Чор маротиба - ду дафъа дар солҳои 1992-1993 ва соли 1995 ба ҳайси роҳбари гурӯҳ (командир) ба нуқтаҳои даргири ҷанги шаҳрвандӣ ба маркази ҷумҳурӣ сафарбар гардидааст.
Новобаста ба вазнинии пеша пайвандони худро ба ин пайроҳаи заҳматталаб раҳнамун сохтааст. Имрӯзҳо писари калониаш Зариф Умаров дар рутбаи подполковники милитсия, вазифаи муовини сардори ШВКД дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ оид ба корҳои фавриро ба уҳда дошта, духтараш Матлуба Умарова - сержанти калони милитсия, дар бахши котиботи ШБДА РВКД дар вилояти Суғд идомадиҳандаи касби падар мебошанд.
Саҳифаи хотираи собиқадор пур аз ҳолатҳои ибратбахшанд. Ҳангоми кушодани ҳар ҷинояти вазнин, ки ба ӯ ва зердастонаш даст медод, кайфияти хоссае бардошта, ғайраташ дучанд мегашт. Ҳамеша дар вақти ҳозир гардидан ба ҷойи ҳодиса ҳамачизро ба инобат гирифтан лозим, хурдтарин ашё ҳамчун ҷузъи таҳрикдиҳанда метавонад дар кушодани гиреҳи ҷиноят мусоидат намояд.
Номбурда ба ёд меорад, ки "дар шаҳри Конибодом баъди содир шудани ҷинояти куштор, ки се нафар аъзои як оиларо ба қатл расонида, ғорат карда буданд, як сарпӯши нӯшокии "Пепси-кола" самти кории гурӯҳи фаврӣ-тафтишотиро муайян сохта, ба боздошти ҷинояткор ноил намуд. Он замон нӯшокии "Пепси-кола" танҳо дар шаҳри Тошканд истеҳсол мешуд. Фарзияи аввалини мо санҷиш ва бозпурсии шахсоне буд, ки дар ҷумҳурии ҳамсоя истиқомат дошта, бо оилаи ғоратшуда иртибот доштанд. Дар натиҷаи коргузорӣ дар ин самт гиреҳи ҷиноят кушода шудаву ҷинояткор дастгир гардид, ки дар шаҳри Тошканд истиқомат дошта, хонаи хоҳари худро ғорат, дар баробари куштани хоҳар, ҳамчунин шавҳар ва фарзанди ноболиғи ӯро бо бераҳмии махсус ба ҳалокат расонида, пули нақд, тилловорӣ ва дигар дороиро ба яғмо мебарад".
Ба ин монанд бисёр ҳодисаҳои воқеӣ аз таҷрибаи шахсии полковники мустаъфии милитсия Ш. Умаров дар вохӯриҳо бо насли имрӯзи милитсия қисса карда мешаванд. Мавсуф узви фаъоли Шӯрои созмони собиқадорони мақомоти корҳои дохилии вилояти Суғд аст. Дар чорабинию ҷамъомадҳои мақомот иштирок намуда, дар тарбияи насли ҷавони соҳа саҳм мегузорад.
Аз ғамхориҳои роҳбарияти ВКД ва раёсати он дар вилояти Суғд бархӯрдор буда, кӯмаку дастгириҳои моддиву маънавиро ба таври ҳамешагӣ нисбати худ эҳсос менамояд. Вохӯриҳои мунтазами Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, ки дар доираи сафарҳои корӣ ба вилояти Суғд бо собиқадорон баргузор мегардад, ӯро хеле рӯҳбаланд менамояд. "Зеро ин таваҷҷуҳу ғамхориҳо нишонаи он аст, ки мо, нафақахӯронро ба гӯшаи фаромӯшӣ нагузоштаанд", - таъкид медорад Шариф Умаров.
Бо иштироки Вазири корҳои дохилӣ ташкили маҳфилҳои дидорбинӣ, бохабар шудан аз ҳолу аҳволи собиқадорон, расонидани кӯмакҳои пулӣ, тақдими роҳхат ҷиҳати муолиҷаи санаторӣ аз иқдомоти роҳбари аввали мақомот аст, ки якчанд маротиба ӯ низ шарафёб гардидааст.
Дар арафаи 65-солагии рӯзи мавлудаш низ номаи табрикотии Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд, генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ, дар ҳузури ҳампешагон ба ӯ расонида шуд.
Ба муносибати зодрӯзи собиқадори пуртаҷрибаю вафодор ба касб, Шӯрои созмони собиқадорони дар назди Раёсати ВКД дар вилояти Суғд фаъолиятбаранда вохӯрии Ш. Умаров бо кормандони ҷавони шуъбаҳое, ки замоне худи ӯ фаъолият дошт, ташкил ва баргузор намуда истодааст.
Кору амали нек ҷомаест, ки дар баробари мукаммалгардонии шахсият ба кас обрӯ мебахшад. Қаҳрамони матлаби мо низ бо амалу рафтори нек соҳибобрӯ гардидааст, ки ин ҳамаро ба фаъолият дар мақомоти корҳои дохилӣ нисбат медиҳад.
Акбар ШАРИФОВ, капитани милитсия




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика