Улуғбибӣ Саидова зодаи шаҳри Конибодом буда, яке аз аввалин милитсионерзани тоҷик ба ҳисоб меравад.
Ӯ дар синни 25-солагӣ шавҳарашро, ки дар шӯъбаи милитсия кор мекард, аз даст додааст. Шавҳари ӯро босмачиён ба қатл расонида, ӯ бо 4 фарзандаш танҳо мемонад. Ин зани далеру шуҷоъ пас аз марги шавҳараш қарор кард, ки милитсионер шавад.
Сардори шӯъба пас аз сӯҳбат бо ӯ таъкид намуд, ки кори милитсия занона нест ва он хеле хавфнок мебошад. Вале Улуғбибиро аз раъйаш гардонида натавониста, ночор ба кор қабул намуд.
Ин ташаббуси зани маҳаллӣ дар он замонҳои мушкил ҳақиқатан қаҳрамонӣ буда аз ҷасорату матонати ӯ дарк медод.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>