Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Корҳои ташвиқоту тарғиботии зиддисӯхторӣ дар минтақаи Рашт

1256

Роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ ба татбиқи амалии Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №199 аз 31 марти соли 2020 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021» ва таҳкими вазъи бехатарӣ аз сӯхтор дар иншооти муҳими давлатӣ, муассисаву иншооти гуногун, ҷойҳои оммавӣ, бозору марказҳои калони савдо, биноҳои баландошёна ва манзилҳои истиқоматию маҳаллаҳои аҳолинишини шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир намуда, корҳои профилактикӣ-фаҳмондадиҳӣ ва ташвиқоту тарғиботи риояи ҳатмии меъёру талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхторро дар онҳо боз ҳам ҷоннок намуда, дар бартараф намудани омилҳои ҳодисаҳои сӯхтор ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ кӯмаки амалӣ расонида истодаанд.

1257

Дар ин замина, мутобиқи нақшаи тасдиқнамудаи сардори СХДО ВКД полковники хизмати дохилӣ Бахтиёр Умарзода, аз тарафи гурӯҳи кории Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ бо роҳбарии нозири калони Шуъбаи назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтори Сарраёсат подполковники хизмати дохилӣ Алишер Иброҳимзода дар ҳамкорӣ бо Шуъбаи хадамоти давлатии оташнишонии гурӯҳи ноҳияҳои Рашт ва сохторҳои воҳидии он, инчунин кормандони милитсия, шабакаҳои барқ ва дигар хадамоту мақомотҳои ҳамоҳангсозӣ аз санаи 23 то 27-уми ноябри соли 2020 дар иншооти муҳими давлатӣ, муассисаву корхонаҳои шакли моликияту мансубияташон гуногун ва манзилҳои истиқоматию маҳаллаҳои аҳолинишини ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти минтақаи Рашт корҳои профилактикӣ-фаҳмондадиҳӣ ва ташвиқоту тарғиботи риояи ҳатмии меъёру талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронида шуданд.
Боиси тазаккур аст, ки баҳри сари вақт пешгирӣ намудани ҳодисаҳои сӯхтор дар давраи сипарӣ гардидаи соли равон, аз тарафи кормандони Хадамоти давлатии оташнишонӣ санҷиши ҳолати бехатарӣ аз сӯхтори 1136 иншооти муҳими давлатӣ, муаасисаҳои таълимию табобатӣ ва корхонаву ташкилот дар минтақаи Рашт гузаронида шуда, бо масъулон ва аъзоёни дастаҳои идоравии оташнишонии онҳо корҳои дастурдиҳӣ ва машғулиятҳои назариявию амалӣ оид ба пешгирӣ ва бартарафсозии ҳодисаҳои сӯхтор ташкил ва гузаронида шудаанд. Ҳамчунин нисбати 356 нафар роҳбарону мутасаддиёни онҳо барои вайрон намудани талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор ба маблагӣ 35763 сомонӣ ҷарима татбиқ карда шуда, барои бартараф намудани камбудиҳои зиддисӯхторӣ муҳлати муайян муқаррар карда шудааст.
Қайд кардан зарур аст, ки дар мавсими зимистон шумораи бештари ҳодисаҳои нохуши сӯхтор дар манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон, дар натиҷаи риоя нашудани оддитарин талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор дар ошхонаю анҷомхона ва ҳаммому оғилхонаҳо, инчунин бо сабаби сарфи назар гардидани меъёрҳои бехатарӣ ҳангоми захира намудани хӯроки дурушти чорво, ҳезуму ангиштсанг, таҷҳизонидани печҳои аловӣ ва истифодабарии асбобу таҷҳизоти маишии барқию газӣ ба амал меоянд.

1258

Тибқи иттилои сардори Шуъбаи хадамоти давлатии оташнишонии гурӯҳи ноҳияҳои Рашт майори хизмати дохилӣ Шарифзода Нусратулло Назрулло баҳри пешгирии ҳодисаҳои нохуши сӯхтор дар маҳаллаҳои аҳолинишин, аз тарафи кормандони Хадамоти давлатии оташнишонӣ, дар 37404 хонаҳои истиқоматӣ санҷиши ҳолати бехатарӣ аз сӯхтор гузаронида шуданд. Дар ҷараёни он бо 256764 нафар шаҳрвандон дар мавзӯи бехатарӣ аз сӯхтор вохӯриҳову суҳбатҳои дахлдор анҷом дода шудаанд. Вале новобаста ба корҳои профилактикӣ-фаҳмондадиҳии кормандони Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар байни аҳолӣ, таҳлили ҳодисаҳои сӯхтори соли равон дар минтақаи Рашт ба амал омада нишон медиҳад, ки 45 ҳолати он дар хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон дар натиҷаи расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ-60%, муносибати беэҳтиётона бо оташ-20% ва риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор ҳангоми истифодабарии оташдонҳо 20%-ро ташкил медиҳад.
Аз ин лиҳоз, аз тарафи гурӯҳи кории Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД бо аҳолӣ оид ба риояи ҳатмии меъёру талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор, истифодаи оқилонаю сарфакоронаи нерӯи барқ, муносибати боэҳтиётона намудан бо асбобу таҷҳизотҳои маишии барқию газӣ ва чи гуна амал намудан дар вақти рух додани ҳодисаҳои сӯхтор корҳои дастурдиҳӣ ва омӯзишӣ гузаронида шуданд.
Барои аз тарафи гурӯҳи кории Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронидани корҳои профилактикию фаҳмондадиҳӣ-омӯзишӣ ва ташвиқоту тарғиботи риояи ҳатмии меъёру талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор роҳбарону мутасаддиёни иншооти муҳими давлатӣ, муассисаву корхонаҳои шакли моликияту мансубияташон гуногун ва аҳолии ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти минтақаи Рашт ба роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ изҳори минатдорӣ намуда, аз ин иқдоми пешгирифтаи онҳо, ки ҳадафи асосиаш ҳифзи ҳаёту саломатии одамон ва моликияти давлатию хусусӣ аз сӯхтор мебошад, хеле хушҳол гардиданд.
Кароматулло Абдуллоев, СХДО ВКД ҶТ




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

30.06

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика