Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Омӯзиши кормандони милитсия дар самти ҳамкорӣ бо ҷомеа

966

Бо Фармоиши Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Р.Ҳ. аз 30.07.2020, №417 «Роҳнамо оид ба ҳамкории милитсия бо ҷомеа» тасдиқ гардид.

Роҳнамо оид ба ҳамкории милитсия бо ҷомеа дар асоси таҷрибаи давлатҳои пешрафта, амалияи мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар натиҷаи арзёбӣ афкору пешниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва кормандони милитсия омода гардидааст. Дар Роҳнамои мазкур масъалаҳое баррасӣ гардидаанд, ки ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкории самараноки милитсия бо ҷомеа мусоидат менамоянд.
Бо мақсади муайян намудани механизми самараноки ҳамкории милитсия бо ҷомеа, пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкунӣ, баланд бардоштани боварии аҳолӣ ба мақомоти корҳои дохилӣ, тақвият бахшидани малакаи касбӣ ва донишҳои назариявии кормандони милитсия ва аҳолӣ бо супориши Вазири корҳои дохилӣ барои кормандон ва аъзоёни шӯроҳои ҷамъиятӣ вобаста ба омӯзиши Роҳнамо чорабиниҳои омӯзишӣ баргузор гардида истодааст.
Чунин чорабинӣ санаи 7-уми августи соли 2020 бо ҷалби тренерон-омӯзгорони Академияи ВКД барои кормандони РВКД дар вилояти Суғд баргузор гардид.

967

Чорабинии мазкур бо сухани ифтитоҳии Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия полковники милитсия Ҳамдамзода В.Ҳ. оғоз гардид.
Ҳамдамзода В.Ҳ. дар баромади ифтитоҳии хеш аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқтибос оварда, қайд намуд: «Маҳаки асосии ислоҳоти милитсияро бояд ҳамкории зичи мақомот бо ҷомеа ташкил намуда, дар раванди пешбурди фаъолият зимни пешгирии ҷинояткорӣ ва мубориза бо он бояд аз имкониятҳои аҳли ҷомеа ва ниҳодҳои ҷамъиятӣ васеъ истифода намуд».
Ҳамзамон мавсуф иброз дошт, ки дар тамоми ҷаҳон эътироф гардидааст, ки милитсия дар танҳоӣ қобилияти мубориза бурдан бар зидди ҷинояткориро надорад. Бинобар ин зарур аст, ки ҳар як корманди милитсия дар ин самт бо ҷомеа фаъолона ҳамкорӣ намояд. Корманди милитсия ҳамкориашро бо ҷомеа тавре ба роҳ монад, ки аҳолӣ ӯро ҳамчун ҳимоятгари худ ва ӯ аҳолиро ҳамчун ёрдамчии боэътимоди худ эътироф намояд.
Ҳар як шахс бояд донад, ки таъмини бехатарии ҷомеа агар мақсад бошад, пас ҳамкории милитсия бо ҷомеа ин воситаи ба даст овардани мақсад аст.
Ҳамкории милитсия бо ҷомеа ин фаъолияти мутақобила ва ташаббускорона буда, бо мақсади ҳалли вазифаҳо вобаста ба дастрасии хизматрасонии милитсия ба ҷомеа, таъмини ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, пешгирӣ, ошкор намудан ва кушодани ҷиноят, дигар ҳуқуқвайронкуниҳо ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ равона гардидааст.
Дар тренинги мазкур муовинони сардори РВКД ва ШВКД дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд оид ба хизмат ва Нозирон оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила даъват карда шудаанд.

964

Чунин чорабиниҳои омӯзишӣ барои кормандони РВКД дар вилоятҳои МКБ, Хатлон (Қисми минтақавии гуруҳи ноҳияҳои Кӯлоб), минтақа ва ноҳияи Рашт ва ш. Душанбе баргузор мегарданд, ки иловатан дар ин бора иттило дода мешавад.
Хушбахт Шарифзода, Гул Маҳбуба




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

30.06

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика