Робитаву ҳамкории мақомоти милитсия бо аҳли ҷомеа дар раванди пешгирӣ намудани ҷинояту чинояткорӣ муҳим арзёби гардида, роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ баҳри боз тақвият бахшидани кор дар ин самт таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Зикр кардан ба маврид аст, ки таи чанд соли охир бовариву эътимоди мардум ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба хусус милитсия боз ҳам вусъат ёфта, саҳми онҳо дар пешгирӣ намудани ҳама гуна ҷиноят назаррас аст. Кормандони милитсия пайваста вохӯрию чорабиниҳои фаҳмондаҳиро бо мардум доир менамоянд. Чанд муддат мешавад, ки бо супориши роҳбарияти ВКД кормандони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД ва ниҳодҳои он дар ноҳияҳо дар маҳаллаҳо ва дар масҷидҳо бо намозгузорон вохӯрӣ доир намуда истодаанд.
Дар ин вохӯрҳо як қатор кормандони пуртаҷрибаи Хадамоти мазкур баромад намуда, оид ба татбиқи Конуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва зуҳур кардани ҳаргуна касалиҳои сироятӣ, аз ҷумла ВНМО (ВИЧ СПИД) ва пешгирии ғарқшавии ноболиғон бори дигар таъкид намуданд.
Ҳангоми сӯҳбату вохӯриҳо қайд гардид, ки иҷроиши қонуни мазкур аз ҷониби масъулини мактабу маориф, падару модарон ҳатмӣ буда, ҳар як волидайн дар таълиму тарбияи насли наврас масъулияти бештареро бояд бар дӯш гиранд. Маҳз тарбияи дуруст, бо илму дониш фаро гирифтани насли ояндасози миллат ва ба роҳи рост ҳидоят кардан метавонад онҳоро сари вақт аз роҳи хатову кирдорҳои бадахлоқона эмин дорад.
Гуфтан ба маврид аст, ки дар симои насли наврас ҳамагон пеш аз ҳама насли умедбахшу ояндасоз, муборизу шуҷоъ ва бунёдкору ободгарро мебинанд. Аз ин лиҳоз чунин вохӯриву сӯҳбатҳои муфид бо ин насли ояндасоз ва аҳли ҷамоатчигӣ бояд бештар ба роҳ монда шавад, то ҳисси хештаншиносиву ғурури миллӣ, ватандӯстиву инсонпарварӣ дар ниҳоди онҳо бедор гардад.
Дилшод ХОЛОВ,
Гурӯҳи матбуоти ХПҲНҶ ВКД.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>