Ба генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро
Ман аз Британияи Кабир ҳастам, дар Белгия истиқомат мекунам (модарам аз Белгия) ва собиқ нозири калони полис. Ман кишвари Шуморо бо таърихи тӯлонӣ, фарҳанг ва анъанаҳои бузургаш дӯст медорам.
Ба ман Вазорати корҳои дохилӣ ҷолиби диққат аст ва ман Шуморо барои дастовардҳоятон дар фаъолияти милитсия ва кори бузургатон ҳамчун Вазири корҳои дохилӣ табрик мегӯям.
Ман аз муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Англия ифтихор дорам.
Иҷозат диҳед ба Шумо ва кормандонатон тамоми хушиҳоро орзу намоям.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>