Дар толори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар вохӯрии сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон генерал-майори милитсия Солеҳзода Искандар бо аҳли ҷамоатчии шаҳри мазкур баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ кормандони милитсия, роҳбарони корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо, раисони маҳаллаҳо, ходимони дин, омӯзгорони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ҷавонони фаъоли шаҳри Бохтар иштирок доштанд.
Зимни суханронӣ сардори РВКД дар вилояти Хатлон генерал-майори милитсия Солеҳзода Искандар оид ба масоили мубраму доғи ҷомеа, аз ҷумла, масъалаҳои таълиму тарбияи ноболиғон, наврасону ҷавонон, саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа, гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни мардум доир ба авзои сиёсию иқтисодии ҷомеа, мубориза бар зидди маводи мухаддиру нашъамандӣ, пешгирии амалу кирдори номатлуб, муноқишаҳову авбошӣ дар байни ноболиғону ҷавонон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунии террористию экстремистӣ, ҳамкории кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бо ҷомеа изҳори андеша намуд.
Таъкид гардид, ки риояи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳти назорат гирифта шуда, дар ин самт корҳои фаҳмондадиҳӣ бо аҳолӣ боз ҳам рушду густариш меёбанд.
Чанд нафар аз омӯзгорон, эмомхатибон, раисони маҳаллаҳо ба сухан баромада, кору фаъолияти кормандони милитсияро дар шаҳри Бохтар қобили қабул арзёбӣ намуда, иброз доштанд, ки бо саъю кӯшиши кормандони милитсия ва ҳамкории зич бо аҳолӣ метавон пеши роҳи садҳо ҳуқуқвайронкуниву ҷиноятҳоро гирифта, фазои сулҳу амнияти кишварро поянда нигаҳ дошт.
Сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон генерал-майори милитсия Солеҳзода Искандар ҷиҳати риояи ҳифзи ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванд, волоияти қонун, пешгирии амалҳои ғайриқонунӣ, муносибату муоширати хуб бо мардум ва робитаи зич бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода, аҳли ҷамоатчигиро ба ҳамкорӣ бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ даъват намуд.
Аз ҷониби ширкаткунандагон чунин вохӯрии судманд бо кормандони милитсия, ки ба хотири сарҷамъии мардум, ваҳдату ягонагӣ ва таъмини амнияту оромӣ доир карда мешавад, хуш пазируфта шуд.
Офоқ Қодириён
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>