Рӯзи 29-уми майи соли 2019 вохӯрии ҳамоҳангсозӣ оид ба муаррифӣ намудани натиҷаҳои нақшаҳои профилактикии Шӯроҳои ҷамъиятӣ барузор гардид, ки дар он намояндагони РВКД дар вилояти Хатлон, ШВКД дар ноҳияҳои Кушониён, Панҷ, Ҷайҳун, шаҳри Норак, намояндагони Ҳукумати вилояти Хатлон, аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ, ташкилоти байналмилалии «Дунёи бехатар» ва ташкилоти ҷамъиятии «Заршедабону» иштирок доштанд.
Чорабиниро ёвари сардори РВКД дар вилояти Хатлон подполковники милитсия Қаландарзода Музафар оғоз намуда, оид ба ҳамкории милитсия бо ҷомеа суханронӣ намуд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ муаррифии нақшаҳои профилактикии Шӯроҳои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар назди РВКД вилояти Хатлон, ШВКД ноҳияҳои Кӯшониён, Ҷайҳун, Панҷ ва шаҳри Норак мавриди баррасӣ қарор гирифтанд, ки нақшаҳои мазкур аз моҳи декабри соли 2018 то моҳи апрели соли 2019 бо дастгирии ташкилоти байналмилалии «Дунёи бехатар» ва ташкилоти ҷамъиятии «Заршедабону» амалӣ гардидаанд.
Аз ҷониби иштирокдорон зикр карда шуд, ки ҳадафҳои Шӯрои ҷамъиятӣ қабл аз ҳама мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия, дар ҷомеа омода намудани мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ ҷиҳати мусоидат ба мақомоти корҳои дохилӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, афзудани эътимоду боварии халқ ба ин ниҳоди калидӣ, таъмини шаффофият дар кору фаъолият ва муборизаи дастаҷамъона бо ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳо ва демократикунонии муносибатҳои ҷамъиятӣ дар фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ мебошад.
Офоқ Қодириён
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>