Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мизи мудаввар дар мавзӯи «Тақвият бахшидани ҳамкории милитсия ва ҷомеа»

344

Ҳафтаи гузашта, дар ноҳияи Кушониён бо дастгирии ташкилоти “Дунёи бехатар” (Saferworld) ва ташкилоти ҷамъиятии «Заршедабону» аз ҷониби Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар назди ШВКД ноҳияи Кушониён мизи мудаввар дар мавзӯи «Тақвият бахшидани ҳамкории милитсия ва ҷомеа» баргузор гардид.

Дар чорабинӣ роҳбарияти ШВКД ноҳияи Кушониён, нозирони минтақавӣ, раисони маҳалаҳо, аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар назди ШВКД дар ноҳияи Кушониён ва намояндагони ташкилоти ҷамъиятии «Заршедабону» иштирок доштанд.
Чорабиниро сардори Шуъбаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ШВКД дар ноҳияи Кушониён майори милитсия Сайдуллозода Сайфиддин оғоз бахшида, дарҷ кард, ки милитсия муҳимтарин вазифаи давлат дар таъмини ҳифзи ҳаёт, саломатӣ, ҳуқуқ ва озодии шаҳрвандонро иҷро мекунад. Ҳадаф аз тадбиқи ислоҳоти милитсия ин ҳамкории боз ҳам наздик бо аҳолӣ, афзудани эътимоду боварии халқ ба ин ниҳоди калидӣ, таъмини шаффофият дар кору фаъолият ва муборизаи дастаҷамъона бо ҷинояткорӣ мебошад.
Сипас ҳисоботи нозирони минтақавии милитсия чун яке аз усулҳои баландбардории нақши Шӯроҳои ҷамъиятӣ дар ташкили ҳамкории милитсия бо ҷомеа, аз ҷониби ҳозирин шунида ва баҳогузорӣ шуд.

345

Тавсия дода шуд, ки нозирони минтақавӣ ҳамеша бо аҳолӣ дар тамос бошанд, зеро тақвият додани ҳамкорӣ бо аҳолӣ, ҳалли мушкилот, пешгирии ҷиноят ва баланд бардоштани боварии ҷомеа ба милитсия мебошад.
Инчунин аъзоёни ҳамоҳангсози барномаи устувори ҳамкории милитсия бо ҷомеа дар ташкилоти ҷамъиятии «Заршедабону», роҳбари гуруҳи кории Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди РВКД вилояти Хатлон Шаҳриёр Баротов баромад намуданд.
Бо дастгирии молиявии Ташкилоти ғайритиҷоратии байналмилалии «Сейферворлд» (Дунёи бехатар) ва ташкилоти ҷамъиятии «Заршедабону» ба нозирони минтақавӣ 4 адад дучархаҳо барои ҳифзи тартиботи чамъиятӣ, таъмини тартибот ва осон намудани фаъолияти корияшон бо аҳолӣ дар маҳалҳо супорида шуд.
Офоқ Қодириён




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика