Имрӯз тамоми ҷомеаи башариро ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ва ифротгароӣ ба ташвиш овардааст ва яке аз ҳадафҳои ин гурӯҳҳо шомил кардан ва истифода аз ҷавонон мебошад.
Дар як қатор давлатҳо ҷангҳои харобиовар идома дошта, боиси афзоиши фирориёни иҷборӣ, бекорӣ, гуруснагӣ ва шиддат гирифтани проблемаҳои иҷтимоӣ гардидаанд. Дар ин робита, ҳамчунин, дар ақсои олам терроризму экстремизм беш аз ҳар вақт авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ мушкилоти ҷиддитарини инсоният ба ҳисоб меравад.
Ташкилоту гурӯҳҳои террористӣ дар амалисозии ниятҳои ғаразноки худ бештар ба ҷавонон такя мекунанд. Сабаби асосии ба ин гурӯҳҳо пайвастани ҷавонон:
1.Маълумоти комил надоштани онҳо аз моҳият ва таълимоти ахлоқиву фикрии дини мубини Ислом.
2.Омилҳои иҷтимоию иқтисодӣ, махсусан бекорӣ.
3.Фирефта шудан аз тарғибу ташвиқи эмиссарони хориҷӣ, тавассути шабакаи ҷаҳонии Интернет.
4.Камсаводӣ ва надоштани ҳисси ватандӯстӣ.
5 Таъсири таассуби динӣ мебошанд.
Дар ин замина, тарбияи насли солим, соҳибмаърифат ва худшиносу худогоҳ як шарти муҳими инкишофу бехатарии ҷомеа ба шумор меравад. Шахси ватандӯст хиёнаткор шуда наметавонад. Танҳо шахси воқеан ватандӯст метавонад дилсӯзона ва бо тамоми ҳастӣ ҳифзи амният ва ободии Ватани худро таъмин созад. Дар раванди тарбияи ватандӯсти пешгирӣ кардани зуҳуроти ифротгароӣ ва таассуби динӣ, аз таъсири таблиғоти экстремистӣ ва оштинопазирии милливу мазҳабӣ эмин нигоҳ доштани ҷавонон аз ҷумлаи вазифаҳои давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад.
Мо аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ дар назди Раёсати ВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт ба воситаи вохӯриҳои машваратӣ ва чорабиниҳо барои баланд бардоштани ҳисси ватанпарвариву худшиносии миллӣ, сатҳи маърифату донишандӯзӣ, рушду такомули ҷавонон пайваста кӯшиш мекунем. Яке аз вазифаҳои муқаддас ва қарзи инсонии аҳли ҷомеа аз амалу рафтори ноҷо ва ғайриқонунӣ нигоҳ доштан ва ба роҳи дуруст ҳидоят кардани наврасон ва ҷавонон мебошад.
Маҳмадов Диловар, аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба ислоҳоти милитсия дар назди РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт, омӯзгор.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>