Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷаласа бо мақсади тақвият додани ҳамкории милитсия бо ҷомеа

97

Рӯзи 28 феврал тибқи нақша-чорабиниҳои шуъбаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Раёсати ВКД дар вилояти Суғд дар маҷлисгоҳи Раёсат ҷаласаи дастурии роҳбарияти Раёсат бо аъзоёни Шӯроҳои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар назди мақомоти милитсия, дружиначиёни ихтиёрӣ ва кормандони ғайриштатии милитсия аз 18 шаҳру ноҳияҳои вилоят доир гашт.
Дар оғоз муовини якуми сардори Раёсати мазкур полковники милитсия Музаффар Ализода вазифаю ӯҳдадории қувваҳои ёрирасони милитсияро бори дигар ёдрас карда таъкид дошт, ки ҳамкориро устувор намуда нисбати ҳодисаю воқеъаҳое, ки амнияти ҷомеаро халалдор мекунанд, бетараф набошанд.
Ҳамчунин дар самти ҳамкории ҷомеаи шаҳрвандӣ бо мақомоти корҳои дохилӣ сардори Раёсат генерал-майори милитсия Назарзода Қудратулло Бобо маърузаи пурмуҳтаво намуд. Яке аз принсипҳои фаъолияти милитсия ин алоқаманди бо аҳолӣ ва ба назар гирифтани афкори ҷамъиятӣ дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ мебошад. Бе робитаи милитсия бо ҷомеа ё бе ҳамкории ҷомеа бо милитсия таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, ки сарчашмаи рӯзгори осоишта дар ҷомеа маҳсуб меёбад гайриимкон аст. Вақте милитсия аз мардум дур аст фаъолияти мақомот дуруст ба роҳ монда намешавад, дар такя бо аҳолӣ метавон пеши роҳи ҷинояткориро гирифт, афзуд Қ. Назарзода.

9899100

Маҳаки асосии «Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013-2020» ва «Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020»-ро механизми ҳамкории милитсия бо ҷомеа ташкил медиҳад, ки дар баромади раиси Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Маликисломӣ Наим Мунаввар баён гардид.
Дар ҷараёни чорабинӣ қайд гардид, ки кормандони ғайриштатии милитсия, дружиначиёни ихтиёрӣ ва аъзоёни Шӯроҳои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар назди мақомоти милитсия, аз ҷумлаи шаҳрвандони фаъолу масъулиятшинос мебошанд ва ҳамчун қувваи ёрирасон дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ ва таъмини бехатарии шаҳрвандон бо роҳбарии масъулини МКД фаъолият бурда саҳми назаррас доранд.
Дар қисмати музокирот роҳбарон ва аъзоёни Шӯроҳои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар назди шуъбаҳои ВКД дар ноҳияҳои Мастчоҳ, Деваштич , шаҳрҳои Панҷакент, Хуҷанд, Исфара ва чанд тан аз кормандони ғайриштатии милитсия ва дружиначиёни ихтиёрӣ ҷиҳати боз ҳам равнақ бахшидани фаъолияти муштарак бо милитсия таклифу пешниҳодҳо намуданд.

101

Бо мақсади қадршиносӣ намудани ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, ҳамкории судманд бо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, саҳми арзанда дар тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон, ҳимояи манфиатҳои ҷамъиятию давлатӣ, пешгирии кирдорҳои зидиҳуқуқӣ ва иштирок дар раванди ислоҳоти милитсия 85 нафар иштирокчиёни чорабинӣ бо туҳфаҳо сарфароз гардиданд.
Акбар Шарифов, капитани милитсия.




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

04.08

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика